Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Зулфи Эронӣ
Нашр шуд 2020-09-21 15:42
Аз чаман беш аст дар домаш парафшонӣ маро,
Ин парафшонӣ ба домаш бод арзонӣ маро.
Ту ба теғам рониву ман бо дуо мехонамат.
Бо чи мехонам турову бо чи меронӣ маро?!
Зулф аз хоки Эрон буд, дар соли 1321 вориди хоки Бухоро шуд. Ба воситаи яке аз аҳбоб ба камина шиносоӣ пайдо карда, ду байти болоро ба худ нисбат дода хонд ва такмили ғазалро аз ман хоҳиш кард. Чун дар хаёлаш фақирро имтиҳон карданӣ буд, ман ҳам байтҳои зерро дар зайл навишта додам:
Хотири ҷамъе чи хуш пеш аз асирӣ доштам,
Кори «Зулф » аст ин ки дорад дар парешонӣ маро.
Сар нагардонам зи теғат, гар кушӣ, миннат кашам,
Эй сарат гардам, чаро мамнун нагардонӣ маро?!
Гар ба ҷоне мешавад, муфт аст меҳмонии ту,
Нақди ҷон бистону кун ташрифи арзонӣ маро.
Ишқу ҳусн омад қарини якдигар, з-он додаанд
Оинарўӣ турову чашмҳайронӣ маро.
Аз дили сахти бутон, ё раб, чиҳо хоҳам кашид
Ман, ки вазъи шишагӣ мекард сандонӣ маро?
Чашми шўхи кофараш дил бурд, метарсам барад,
Тоқвиву имону дин, номусулмонӣ маро.
Фитратам,Айнӣ ,чу тўтӣ уҷмат аст, аммо расид
З-оинатинат муҳиббонам сухандонӣ маро.
Фирўза Раҳимова,
мутахассиси пешбари шубаи кўдакон ва наврасон.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.