Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир

(Таваллуд –1224, вафот –1303)

Акси рўят карда гулшандастгоҳ ойинаро,

Ҳам бар ин даъво барам пешат гувоҳ ойинаро.

Ғайри истиқболи нозат нест осмони ғурур,

Андаке дар ҷилва о, бишкан кулоҳ ойинаро. 1

Саъйи мо дар софии дил нест бе тамҳиди нафъ,

Ҳусн дорад илтифоте гоҳ–гоҳ ойинаро.

Гар кунам бо ҷилваи тоқатгудозаш рўбарў,

Мешавад ҷавҳар забони узрхоҳ ойинаро.

Бар хусуфи маҳ сабаб ҷуз дурии хуршед нест,

Бе рухат афтод бас рўзи сиёҳ ойинаро. 2

Як қалам мазмуни найранги хатат фаҳмиданист,

Карда ин ҷо ҷавҳар оби зери коҳ ойинаро.

Табъи ғаммозон ҳамон дар зери кулфат беҳтар аст,

Занг шуд дар айбҷўӣ сади роҳ ойинаро.

Нест ҷинси худписандӣ боби арбоби камол, 3

Юсуфе дорам, ки донад қаъри чоҳ ойинаро.

Ҷилвамуштоқ аст ҳусни ў, чи созад пас Сарир, 4

 Варна мекардам сиёҳ аз дуди оҳ ойинаро.

Фардҳо

Доғам, ки доғи ишқи ту зоҳир шавад ба халқ

Аз лолае, ки бар сари хокам шукуфтанист.

***   ***   ***

Шаби ҳиҷрат, ба ҳаққи рўзи висол

Ҳамчу зулфат дарозу дилгир аст.

***   ***   ***

Дар тазмин

Зи сози саҷда бар хоки дари дўст

Ғараз нақшест, к-аз мо бозмонад.

(Аз тазкираи Афзал)

***   ***   ***

Зи дида ашк барои ту беҳисоб чакид,

Ҳисоб нест, чаро хун нарафту об чакид?

***   ***   ***

Магў зи дидаи ман дар ғами ту об чакид,

Кабоб шуд дилу ашк аз рухи кабоб чакид!

***   ***   ***

Ватани маълуфи Сарир Балх аст. Барои таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ин ҷо касби камол кардаву нашвунамо ёфтааст. Дар боби ҳалли масоили умуми расмӣ аз мумтозони замони худ буда, дар фалсафа хавзи балеғ намуд, дар тасаввуф илману амалан кўшида, риёзатҳои шоқа кашидааст.

Дар вараъ ва парҳезгорӣ ба дараҷае буда, ки дар зарфи панҷоҳсола қозигӣ дар боби хидматҳои хусусии худ имдоду ёрмандии шахсеро ва хидматгореро қабул накардааст. Дар овони шавкату ҳашмат, ки аз дари хонааш доимӣ 20-25 нафар нон мехўрданд, касе ривоят накардааст, ки оби таҳораташро аз хидматгоре омода кунонда бошад.

Дар назм, чунон ки дидем, соҳибиқтидор аст, дар наср низ балоғаташ ошкор аст.

Мактуботу муншаоти Сарир бисёр аст...  

Сарир дар аснои қозигии Ғиждувон ба марази мавт гирифтор шуда, аз ғайри маъзул шудан ба Бухоро кўчида, дар он ҷо 22 шавволи 1303 вафот ёфтааст (79 сол умр дидааст).

ЭЗОҲ:

  1. Дар тазкираи Садри Зиё ба ҷои мисраъи аввали ин байт ин мисраъ аст: “Ҷилваманзур аст гармо, содалаҳ афтодаем”.
  2. Дар тазкираи Садри Зиё ба ҷои мисраъи сонии ин байт ин мисраъ аст: “Ба  сар афтад бе рухат рӯзи сиёҳ оинаро”.
  3. Ба ҷои “арбоби камолиқлими камол” аст.
  4.  Ба ҷои ин мисраъ: “Ҷилвае дар кор дорад ҳусн, ҳайронам, Сарир”.

      Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.

Таҳияи Фирўза Раҳимова