Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Отаҷон Пайрав Сулаймонии Бухороӣ
Нашр шуд 2020-08-20 13:27
Таваллуд – 15 апрели 1899 мелодӣ дар Бухоро. Зиндагониаш низ дар Бухорост. Аз дастхати худи Пайрав, ки ба илтимоси фақир навишта фиристода буд:
Ғазал
Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест,
Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест.
Аз гирифторони фитрокат сару сомон маҷўй,
Хомаи аҳли ҷунунро нуқтаи идрок нест.
Нест як ҷоме, ки бо ёди туаш лабрез нест,
Нест пероҳан, ки аз ишқи туаш сад чок нест.
Хастагонатро илоҷе нест ҷуз уммеди сабр,
Оҷизонро нури биниш аз раҳат ҷуз хок нест.
Нест ошиқ ҳар ҳаваскоре, ки лофи ишқ зад,
Бар тани ҳар кас қабои ошиқи чолок нест.
Хомтабъонро бигў: оби Хизир ҷустан хатост,
Дар ҷаҳон оби ҳаёте ҷуз шароби ток нест.
Сар ба сар пуч аст, зоҳид, маслаки деринаат,
Чашм во кун, он ки меҷўӣ ту, дар афлок нест.
Мунъимо, то чанд аз маъшуқу май манъам кунӣ,
Пайрави пири муғонам, кор бо тарёк нест.
Шаби ҳиҷрон ба хаёли ҷонон
(Ин порча ба воситаи бародар Мунзим ба даст даромад)
Чандест, ки ишқи он санамро
Бар сафҳаи сина парваридам.
Умре ба умеди ҷоми васлаш
Паймонаи заҳр мечашидам.
Шабҳои дароз дар хаёлаш
Чун моргазида метапидам.
Хар дам ба фазои авҷи уммед
Хамранги шиҳоб мепаридам.
Гоҳе ба замин ҳамефитодам,
Гоҳе ба само ҳамерасидам.
Чун боди самум мевазидам,
Чун барқи ситез меҷаҳидам
Чун абри баҳор мегиристам
Чун бонги ҳазор месурудам.
Дар дашти ҷунун зи беқарорӣ
Худ бе сару по ҳамедавидам.
Сар дода, суроғ мегирифтам,
Ҷон дода, навид мехаридам.
Охир ба ҳазор гуна хорӣ
Бар кўи мурод мерасидам.
Чун саҷда ба хок мефитодам,
Чун ашк ба роҳ мечакидам.
Гаҳ бўса ба пош менамудам,
Гоҳе зи лабон-ш мемакидам.
Чун нек назар ҳаменамудам,
Медидам, он чи менадидам,
К-ин лаззати бемазоқи ман буд,
Достони шаби фироқи ман буд.
Пайрав ошиқ аст, шеърҳои ошиқонаро аз мағзи ҷон месарояд. Билхоса порчаи охирӣ бағоят пурсўзу гудоз аст. Пайрав ашъори инқилобӣ низ иншод кардааст, намунааш дар қисми савум хоҳад омад.
Румоне ба номи «Ишқи духтари чингиз» дар дастаи таҳрираш аст.
Пайрав соҳиби истеъдоди коми ласт, бўстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Замира Давлатова