Дар даҳаи аввали моҳи сеюми тирамоҳ хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон тасаввури худро дар бораи ин фасли заррини сол рӯйи коғаз рехтанд ва ҳар гуна тасвирҳои тирамоҳӣ бардоштанд. Маълум шуд, ки бачаҳо ғайр аз хазонрез дар бораи тирамоҳ боз чизҳои зиёди дигар ҳам медонанд.
Тирамоҳи зарнисор,
Шадда марҷонат қатор.
Ҳалқаҳоят қаҳрабо,
Хандаат пурри тилло.
Ин чорабинӣ субҳи имрӯз доир шуд ва саривақтӣ ҳам буд. Акнун тадриҷан тирамоҳ ҳам бисоти худро аз замин меғундорад ва рӯзаке чанд ҷояшро зимистон мегирад. Фаслҳо иваз мешаванд ва бояд вобаста ба ин тафаккуру тасаввур ҳам дар тағйир бошад. Ва ҳадафи мавзуъи “Дастони моҳир” қарор додани тирамоҳ низ ҳамин буд. Мехостем бидонем, ки киҳо чиҳо дар ин бора медонанд. Ва муҳимтар аз ин: ин фасли зеборо кӣ чӣ гуна тасаввур мекунад?
Муррабияҳо дар оғоз оид ба фасли тирамоҳ маълумот доданд. Хонандагон фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин фасли сол баён карданд ва шеъру чистонҳо қироат намуданд.
Дар ин барнома барои омода намудани дарахтон дар фасли тирамоҳ аз коғазҳои ранга, ширеш, коғазҳои ғафс истифода бурда шуд.
Хонандагон ба як шавқу ҳаваси зиёд ба кор шуруъ намуда, аз ўҳдаи кор ба хубӣ баромаданд. Онҳо тахаюлоти бою рангоранги кӯдакии худро дар тасвирҳо ва сохтаҳои худ истифода карданд.