Имрўз дар толори Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабини фарҳангӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон зери унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид. Ҳамасола 1-уми июн чун рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад.
Директори Китбхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар бораи айёми кӯдакӣ, хушиҳои он нақл кард ва гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти муҳим будани ҳаёти атфол як рӯзи солро рӯзи ҳифзи кӯдак эълон кардааст.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин дар бораи таърихи пайдоиши ин рӯз муфассал сухан ронд ва гуфт, ки дар Тоҷикистон низ солҳост, ки онро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз барои атфол беҳтарин чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешавад, фаъолтаринҳо дар боғчаву мактабҳои бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Сипас, Абдусалом Мирализода ба атфол беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно кард. Вай гуфт, ояндаи мамлакат дар дасти бачаҳои донишманду ҳушманд аст ва танҳо дониш метавонад кишвари моро маъруф гардонад.
Директори Китобхонаи миллӣ зимни сухан рондан аз дониш дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ҳарф зад ва гуфт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият ин бинои боҳашамматро бо ҳама шароити хубаш бино ва дар ихтиёри насли имрӯз қарор доданд, то ҷавонони мо аз беҳтарин шароити илмомӯзӣ бархурдор бошанд.
Муродалӣ Собир – шоири кӯдакон, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, барои бачагон шеърҳои кўдакона қироат намуд.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ ҳунармандон аз Театри Лўхтак, Сирки давлатӣ, ҳунармандони хурдсоли гурухи рақсии «Гулрез», хонандагони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Маркази кўдакон ва наврасон, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ҳузур доштанд.
Ҳамзамон намоиши китобҳои бачагона, ашёҳои дар маҳфили «Дастони моҳир» омода кардаи хонандагон ба намоиш гузошта шуданд.
Баъдан баромади театркунонидашудаи хонандагони фаъоли шуъба пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки дар он шеърҳо дар васфи Ватан, модар қироат шуд, бачаҳо суруданду рақсиданд, бадеҳаҳо хонданд, саҳнаҳои хотирмони ҳаҷвӣ намоиш доданд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.