Хирси сафед дар тасаввури касоне, ки онро надидаанд

 Замоне одамон ба ин андеша буданд, ки хирси сафеди қутбӣ оворагарди хастанашаванда аст, дар ҳама манотиқи яхбастаи Арктика гардиш мекунад ва дар ягон ҷой қарори ист надорад. Аммо ҳоло муайян шудааст, ки хирсҳои сафед ба баъзе ҷойҳо алоқамандии хос доранд, бахусус дар ҷойҳое, ки обҳои озод аз ях мавҷуданд. Канораҳои ҷанубии Арктика яхпӯшанд. Тобистон хирсҳои сафед масоҳати васеъро тай мекунанд ва то Қутби Шимол (ки то 88 дараҷа сард аст) мераванд. Вале ҳоло ҳам муаммоҳои зиёде дорад ин муҳоҷирати хирсони сафед. Ҷазираҳо дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ватани аслии хирсҳои сафед аст: тирамоҳ дар ин ҷо зери партгоҳҳои барфӣ ба хоб мераванд. Дар ҳамин ҷо бачаҳои худро ба дунё меоранд. Дар овардгоҳи барфии соҳил хирси сафед барои худ макони зист меканад, зери барф лонаи аз 2 то 3 метр ва баъзан то 6 метр меканад. Ва тахминан моҳи март, бо фаро расидани баҳор ҳамаи аъзои оила ин сарпаноҳи зимистонаро баробар тарк мекунанд.

 Ва дар ҳоле, ки шояд хирсҳо азми рафтан ба маконҳои дигар доранд ё аллакай рафтаанд, ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” аз хирсҳои сафед ёд карданд. Ин маҳфил охири ҳафтаи гузашта дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон баргузор шуд. 

Муаллима дар оғоз гуфт, ки хирсҳо дарандаи калонтарин мебошанд. Онҳо мувофиқи минтақаашон аз якдигар бо рангу вазнашон фарқ мекунанд. Хирсҳо асосан чанд намуд мешаванд, масалан; хирси сиёҳ,  хирси сафед, хирси малла, хирси синасафед ва хирси панда.

 

Хирси сафед ҳам аз гунаи хирссонҳост ва бо ҷуссаи бузурги худ дар уқёнуси яхбастаи шимолӣ дар рўи пиряхҳо зиндагӣ мекунад. Дарозии ў то 3-метр ва вазнаш бошад то 1-тоннаро ташкил медиҳад ва баъзан аз 400 то 500 кило вазн доранд.  

Хирси сафед аз дигар хирсҳо бо гардани дарозу сари ҳамвор фарқ мекунад ва пусти баданаш аслан сиёҳ аст, вале мўяш сафед ва баъзан зардчатоб менамояд. Дар тобистон бо сабаби таъсири офтоб пашми хирс зард мешавад. Дар зимистон дар ҳолати ҳомиладор буданаш хирси сафед то 50-80 шабонарўз хоб мекунад ва ҳамаи мавҷудоти дар зери об бударо истеъмол мекунад ва инчунин морж, тюлен ва гурбаҳои баҳориро шикор мекунад.

 Сипас, муаллима бо  хонандагон дар бораи Оилаи хирси сафед  саволу ҷавоб намуд, хонандагон шеърҳо қироат карданд ва баъдан  бо истифода аз истифодаи маводҳои конселярӣ ва табии аз қабили коғази ранга ва ширеш тайёр намуданд.

     Шаҳноза Дониёрова,

 сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон