Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Қосим Коҳии Миёнколӣ
Нашр шуд 2020-08-10 14:33
(Вафот – 988, соҳиби «Оташкада» бинобар зиндагониаш ба Кобул ба Кобулӣ ёд мекунанд).
(Аз «Оташкада»)
Бизан бар синаи ман ханҷаре чанд,
Зи раҳмат бар дилам бикшо даре чанд.
Вафо н-ояд, дило, аз тангчашмон,
Мусалмонӣ махоҳ аз кофаре чанд.
***
Хоҳам, ки чарх з-обу гули ман сабў кунад,
Чун бишканад, сафоли саги кўи ў кунад.
***
Чун соя ҳамраҳем, ба ҳар ҷо равон шавӣ,
Шояд, ки рафта-рафта ба мо меҳрубон шавӣ!
***
Чашма, ки мезояд аз ин хокдон,
Чашми муқимони дили хок дон!
Наргиси шаҳло набувад ҳар баҳор,
Он ки бирўяд ба лаби ҷўйбор,
Чашми бутон аст, ки гардуни дун
Бар сари чўб оварад аз гул бурун.
***
(Аз ин абёт бўи бодаи Хайём меояд)
Дар таърихи вафоти Мирзо Чағатой, ки дар 953 воқеъ шуда буд, Қосими Коҳӣ иншод карда:
(Аз Сайидроқим)
Султон Чағато буд гули гулшани хубӣ,
Лекин суи ризвон аҷалаш роҳнамун шуд.
Дар мавсими гул азми сафар кард аз ин боғ,
Дилҳо зи ғамаш ғунчасифат ғарқа ба хун шуд.
Таърихи вай аз булбули мотамзада ҷустам,
Дар нола шуду гуфт: «Гул аз боғ бурун шуд».
(Махфӣ мабод, ки ҳар гоҳ адади «гул», ки панҷоҳ (50) аст, аз «боғ», ки ҳазору се (1003) аст, берун шавад, боқӣ 953 мемонад, ки матлуб аст).
(Аз «Хизонаи омира»)
На наргис аст аён бар сари мазор маро,
Сапед шуд ба раҳат чашми интизор маро.
***
Аз гиряи ман ҳоли рақиби ту хароб аст,
З-он рўй, ки марги саги девона дар об аст.
***
Ба рўзи ҳачр маро дида бас гуҳарбор аст,
Шабе, ки моҳ набошад, ситора бисёр аст.
(Ба хотир мерасад, ки ба ҷои «ба рўзи ҳаҷр» бояд «ба шоми ҳаҷр» бошад, то ки ташбеҳи том шавад. Мумкин аст, ки саҳви котиб бошад).
На айнак аст, ки бар дида дорам аз пирӣ,
Барои хатти ҷавонон ду чашми ман чор аст.
Рубоӣ
Ҳар кас, ки зи асрори Худо огоҳ аст,
Пайваста миёни бангиёнаш роҳ аст.
Аз бонг шавад сирри «анна-л-ҳақ» зоҳир,
Чун ҳар баргаш ба сурати Аллоҳ аст.
***
Дар «Хизонаи омира» мазкур аст, ки Қосимро барои ин рубоӣ такфир карданд.
***
Ғаззолии Машҳадӣ дар ҳаққи Қосими Коҳӣ гуфта:
Коҳӣ, ба ҷаҳон нуктасарое чу ту нест,
Ширинсуханеву хушсадое чу ту нест.
Кардӣ ба сухан рабудаи хеш маро,
Коҳе чу ману коҳрабое чу ту нест.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Уғул Боборахимова,
мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон