Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҳадафҳои аслии эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси наҷиби худ хостанд имсол бештар мардуми кишвар сари ҳунарҳое андешанд, ки аҷдодонамон умре онҳоро такмил медоданд. Ва ин маҳфили “Дастони моҳир” ҳам ба ҳамин хотир буд. Яъне, дар қалби атфол ҷо кардани ҳунарҳои аҷдодӣ.
Мураббиён дар ин «Дастони моҳир» ҳунари гулдӯзӣ ва тасвири «Манзараи зебои диёр» -ро ба хонандагон пешниҳод карданд.
Гулдӯзӣ – аз тоҷикӣ ба маънои “гул дӯхтан”- санъати сӯзангарии бадеии суннатии точик, ки дорои услуби хоса, фазои тасвирии мушаххас, моҳияти ҷомеавӣ ва суннатҳои қавии бисёрасра мебошад. Дар байни тоҷикон гулдӯзӣ яке аз маъмултарин шакли сӯзангарии бадеӣ маҳсуб мешавад. Сарчашмаи он аз «гулнақш»- ҳои нахустасвирҳои рӯисангиву нахустлибосҳо аз пӯсти ҳайвонот ибтидо мегирад. Тадриҷан гулдӯзӣ нақшҳои гуногуни падидаҳои дигари табиат, ҷаҳони наботот ва ҳайвонот, шаклҳои геометриро дар бар гирифта, ташаккул меёбад. Мавқеъи муҳимро дар гулдӯзӣ аз аввал шаклҳои гуногуни свастика ишғол мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаккули ҳунари гулдӯзӣ ба давраҳои қадимтарини таърихи тоҷикон ба фарҳанги ориёӣ мансуб аст.
Гарчанде афзалияти гулнақш ва нақшҳои падидаҳои дигари табиат бо давраҳои ҳукмронии тафаккури пантеистӣ алоқаманд бошад ҳам, вале чи тавре, ки роҳи таърихии гулдӯзӣ нишон медиҳад, тоҷикон табиатро ҳамеша мепарастиданд. Эҳтимолан ин боз ҳам далели он аст, ки моҳияти табиат дар ҳаёти ин халқи қадими муқимӣ, ки аз ибтидо машғули зироаткорӣ буд, дар ҳама замон хеле бузург боқӣ мемонад.
Бо мурури замон гулдӯзӣ ҳамаи шаклҳои амали ороиширо фаро мегирад. Ин аст, ки тасвири нақшҳои гулдӯзиро дар зарфу маснуоти дигари сафолӣ, ҷавоҳирот, минётураи локӣ, хулоса, нақшҳои зиёди гуногунжанр, деворнигораҳо, минётури китобӣ ва ҳоказо вомехӯрем.
Ҳар як давраи таърихӣ ба гулдӯзӣ диди худро ворид месохт, онро мукаммал мегардонид. Аввал ҳунари гулдӯзиро бо олоти сангин, устухон, биринҷӣ, оҳанӣ пеш мебурданд ва дертар онҳо бо дирафшу сӯзанҳои фӯлодини мукаммалшакл иваз гардидаад. Ба ҳайси маводи ресмон дар давраҳои гуногуни таърихӣ пашм, пахта, абрешим, сонияи зару нуқра низ, ки омили пайдоиши ҳунари зардузӣ гардидаанд, истифода шудаанд.
Мураббиён дар маҳфил тарзи дўхтани гулдўзиро ба духтарон нишон доданд, сипас духтарон намунаҳоро интихоб намуда, бо риштаҳои ранга онро идома доданд.
Муаллима барои мукаммал ва васеъ гардонидани тасаввуроти хонандагон оиди манзарахои биҳиштосои диёри азизамон сухбатҳо намуд.
Писарон дар рўи қоғази сафед бо қаламҳои ранга «Манзараи зебои диёр»-ро тасвир намуданд.
Хонандагон доир ба расмҳои кашидаашон маълумот доданд ва шеърҳо оид ба «Ватан », «Тоҷикистон», «Сулҳ» қироат намуданд.
Дар охир мураббиён ба ширкаткунандагон тавсия доданд, ки барои пурратар ошно шудан бо навъҳои ҳунарҳои мардумӣ китобҳои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ва «Кўдакон ва наврасон»-ро мутолиа намоянд.
Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи
кўдакон ва наврасон