Бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, Шуъбаи адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” шуруъ аз соли нав барномаи нави телевизионӣ бо номи “Беҳтар аз дӯст” дар толори хониши кӯдакону наврасон сабт мешавад. Ширкаткунандагони асосии ин барнома хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мебошанд.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост беҳтар аз дӯст ин ҳамон китоб аст, ки сӯҳбаташ касро аслан хаста намекунад. Китоб беҳтарин дӯстест, ки дар ҳама ҳол маслиҳатгар аст, дониш медиҳад, сухан гуфтан меомӯзад. Ҳазорон панде дорад, ки барои инсон зарур.
Ин барнома бар пояи баҳс сари як асари адабӣ таҳия мешавад ва ширкаткунандагон атрофи он асар ба баҳс мепардозанд, онро таҳлилу баррасӣ мекунанд, порчаҳое аз онро қироат мекунанд.
Дар нахустин барнома “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ барарсӣ шуд ва дар он хонандагон аз мактаби № 35 ноҳияи Шоҳмансур ширкат намуданд.
Барномаро адиби маъруфи кӯдакнависи кишвар, мудири шуъбаи адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагон Азизи Азиз ва корманди телевизиони «Баҳористон» Умед Ҷумъаев барандагӣ карданд.
Ин барнома пурра сабт шуд ва қарор аст рӯзҳои наздик аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода шавад. Маврид ба таъкид аст, ки барнома моҳе ду маротиба пахш мешавад ва сабти он дар Китобхонаи миллӣ сурат мегирад. Хонандагони хоҳишманд метавонад дар он иштирок намоянд.
Баъди пахши барнома навори онро дар сомонаи Китобхонаи миллӣ низ метавонед тамошо кунед.