Имрўз дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”-и Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо адиби кўдакон устод Ҷўра Ҳошимӣ мулоқот баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар расми ифтитоҳи маҳфил дар бораи роҳи эҷодии адиби шинохта ҳарф зад ва гуфт, ки Ҷӯра Ҳошимӣ барои хонандагони Китобхона бегона нест. На танҳо аз ин ҷиҳат, ки китобҳояшро мехонанд, балки боз аз он ҷиҳат, ки аз фаъолтарин адибон дар маҳофили адабии ин боргоҳи маърифат аст.
Ҷӯра Ҳошимӣ адибест, ки ҳамвора талош кардааст барои кўдакон нависад, ҳатто дар ҳамкорӣ бо оҳангсозон бахше аз ашъорашро ба оҳанг дароварад.
Шеъру китобҳои Ҷӯра Ҳошимӣ ба забонҳои зиёд тарҷумаву дар кишварҳои мухталиф нашр шудааст ва аз ин ҳисоб теъдоди хонандагонаш афзудааст.
Шеърҳояшро дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруф ба оҳанг даровардааст ва инчунин дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ба табъ расида дастраси дўстдорони илму адаб гардид ва хонандагони фаъоли шуъба дар бораи кору фаъолият ва саргузашти нависандаи тоҷик, ки нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар шуҳрату маъруфи хоса дорад, нақл намуда ба саволҳои худ ҷавобҳои посух гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки дар маҳфил намоянда аз Маркази кўдакон ва наварасон Шарифа Қурбонова иштирок доштанд.
Маҳфили имрўза аз панҷ бахш иборат буд. Дар оғоз хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҷўра Ҳошимӣ ҳар чизе медонистанд, нақл карданд. Сипас атрофи эҷодиёти шоир миёни хонандагон баҳс сурат гирифт. Онҳо аз эҷодиёти шоири маҳбуб шеърҳо қироат намеданд.
Баъдан чистонгӯӣ ҳам карданд, то маҳфил рангоранг бошад. Сипас баъзе навқаламон аз ҷумлаи хонандагони ҳамешагии шуъба дар васфи адиби дӯстдоштаи худ шеърҳои худро қироат карданд.
Маҳфили хубу хотирмоне буд...
Фирўза Раҳимова,
Мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон
Дар бораи Ҷӯра Ҳошимӣ шумо метавонед ин матолибро ҳам мутолиа кунед:
Адиби маъруфи кӯдакон Ҷӯра Ҳошимӣ ба синни мубораки 70 расид