Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” таҳти сарпарастии шоири маъруф Хайрандеш бо ширкати ҷамъе аз суханварон ва хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Баъд аз таътили тобистона бори аввал хонандагони толори кӯдакон ва наврасон дар як маҳфил гирди ҳам омаданд. Дар суханони ифтитоҳи худ шоири дӯстдошта Хайрандеш иброз дошт, ки ҳамеша баъди таътилҳо ҳузур дар маҳфилҳое, ки сухан аз шеъру тарона меравад, хуш аст.
Меҳмони маҳфил ин бор шоири эронӣ Масъуди Сипанд буд, ки шеърхонӣ аз ӯ шурӯъ шуд. Масъуди Сипанд ҳам шеър хонду ҳам шеър таҳлил кард ва як хотироти хубе аз ӯ ва суханонаш дар ёди ширкаткунандагон боқӣ монд.
“Ҳамешабаҳор” маҳфилест, ки сиришта аз шеъру тарона, бахшҳое дорад, ки ҳамаи онҳо иртибот ба шеъру адаб доранд. Яъне, як маҳфили сирф адабист. Касоне, ки дар он ширкат мекунанд, то поён дар ҳамин фазои хушоянди шеъру тарона мепечанд.
Ин бор ҳам анъанаи маҳфил шикаста нашуд ва ҳамон ҳафт бахш такрор шуд:
Афрўза, (ганҷи китоб), Афроза (шоҳбайтхонӣ), Афшина (зарбулмасалу мақол), Афшона (танзу ширингуфторӣ), Андеша (чистону муаммо), Ангеза (байтбарак), Ангора (тафсири як шоҳбайт)...
Қарор аст ин маҳфил аз ин ба баъд ҳафтае як маротиба дар толори кӯдакон ва наврасон бо ширкати асеъи хонандагон ва адибону санъаткорон баргузор шавад.