Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Барди Чочӣ, Шошӣ – Тошкандӣ (вафот - 745)

Аз  «Шаҳри қасоиди Бадри Чоч», ки Ғиёсуддин ибни Ҷалолуддин – соҳиби «Ғиёсу-у-луғот» дар санаи 1256 ҳиҷрӣ ба таълифаш шурўъ карда, дар соли 1257 тамом кардааст ва дар соли 1895  мелодӣ – 1316 ҳиҷрӣ бори дувум дар Ҳиндустон табъ ёфтааст, интихоб карда шуд.

Ғазали қасамия

Ба ду чашми ту, ки мастони харобанд имрўз,

Ба ду зулфи ту,  ки бар моҳ ниқобанд имрўз.

Ба ду шохи шаккарин пистаи шўрангезат,

Ки ба коми дили мо лаъли хушобанд имрўз.

Ба ду рухсор, ки чун тоҷи хурўсанд ин дам,

Ба ду абрў, ки сияҳ ҳамчу ғуробанд имрўз.

Ба ду зангибачаи симқабои ҷонсўз,

Ки арўсони саропардаи хобанд имрўз.

Ба ду сунбул, ба ду наргис, ба ду лола, ба ду лаъл,

Ки ҳама марҳами ҷонҳои харобанд имрўз.

Ки ман аз ҷоми ғамат бехабару бохабарам,

Ки ҳама з-оташи ишқи ту кабобанд имрўз.

       Шамсуддини Сомибек дар «Қомус-ул-аълом» дар ҳаққи Бадри Чочӣ навиштааст, ки: «Аз машоҳири Туркистон буда, аз шаҳри Тошканд аст, ки номи аслаш «Чоч» аст. Ба Деҳлӣ ҳиҷрат карда, ба султон Муҳаммад ибни Туғлуқшоҳ интисоб ёфтаву ба лақаби «Фахруззамон»-ӣ сарафроз гардида, дар соли 745 вафот кардааст».

       Бадри Чочӣ ҷамъи девони худро 745, моҳи зилқаъда таърих гузоштааст. Агар вазъи таърихи Шамсуддин Сомибек хато набошад, бояд бе воситаи ҷамъи девон вафот ёфта бошад.

      Шореҳи қасоди Бадри Чочӣ Ғиёсуддин дар муқаддима дар бораи Бадри Чочӣ менависад (айнан): «Махфӣ намонад, ки мусаннифи ин девон Бадруддин мутахаллис ба Бадр аст, ки аз шаҳри Чоч – музофи Тўрон, ки муаррабаш «Шош» бошад, дар дорулхилофаи Деҳлавӣ ворид гашта, мулозиму надими Султон Муҳаммадшоҳ ибни Ғиёсуддини Туғлуқшоҳ шуда, мулақкаб ба Фахруззамон будааст.»

        Аз ин баёнот маълум мешавад, ки Бадри Чочӣ дар Ҳиндустон 12 сол умр ба сар бурдааст.

        Қасоиди машруҳааш сайр шуд, дар ин маҷмўа 71 қасида, 105 қитъа ва ғазал ва 35 адад рубоӣ марқум шудааст.

        Аксари адабиёти Бадрро бе шаҳр ва ҳалли луғот фаҳмидан мумкин нест. Аз ашъораш маълум мешавад, ки соҳиби тарҷума ба ҳайату нуҷум хеле вуқуф дошта, хазинаи луғоти ғариба будааст. (Дар ин маҷмўа фақат шеърҳои осонаш интихоб ёфт).

        Ҳиссае, ки мо аз сайри девон ва нақли ашъори Бадри Чочӣ гирифтем, ин аст, ки панҷсад сол пеш аз ин таърих дар Тошканд, ки синаи Туркистон аст, чунин шоири форсизабони мушкилписанд нашвунамо ёфтааст. Вагарна ашъоре, ки фаҳмидани он ба шарҳ, ҳалли луғот ва донистани фанҳои бисёр мавқуф аст, муҳаққиқини удабои форсро хушкард нест.

        Оре, баъзе удабо қасидае, ғазале, қитъае ё ки байтеро барои қудратнамоӣ бад-ин услуб иншод кардаанд. Аммо сар то пои девонро бад-ин сиёқ касе нанавиштааст.

        Мумоилайҳи гоҳо Бадр, гоҳо Бадри Чоч ва гоҳо Бадри Чочӣ тахаллус мекунад (чун тарҷумаи ҳоли Бадри Чочӣ ба тазкираҳо навишта нашуда буд, дар зикраш қадре сухан дароз рафт).

Таҳияи Саидғўфрон Шарифӣ,

мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон.