Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо (лот. dissipation – пароканиш), пароканиши атмосфераи сайёраҳо дар фазои Кайҳон. Механизми асосии диссипатсияи атмосфераи сайёраро ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ташкил медиҳад, яъне ҳангоми ба суръати буҳронӣ (суръати дуюми кайҳонӣ) соҳиб шудан молекулаҳои қабатҳои берунии атмосфера (экзосфера) майдони ҷозибаи сайёраро бартараф ва онро тарк мекунанд.
Қалъаи Доробӣ, ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ, Доробӣ теппаи дарозрўяи маҳрутшакл буда, баландиаш 9-10 м. дарозии сатҳи поинӣ 78 м. паҳно 34 м. дарозии қисмати болоӣ 50 м. ва паҳноияш 12 м аст.
В. В. Бартолд қитъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрўзи роҳ
Ҳамин аст моҳият ва мазмуни яке аз машҳуртарин асарҳои Афлотун, ки бо номи «Дифоияи Суқрот» машҳур аст. Ин асар аслан фарогири суханронии Суқрот дар додгоҳ (соли 399 то м.) барои ҳимояи худ аст. «Дифоияи Суқрот» ягона асари Афлотун мебошад, ки ба сурати ғайри муколамаҳои «суқротӣ» наздикӣ дорад. Афлотун дар он мундариҷа ва муҳтавои се суханронии Суқротро ҷой додааст, ки ахирӣ дар додгоҳ барои ҳимояи
Назаров Тағоймурод Аҳмадович яке аз донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ мебошад. Ӯ 5-майи соли 1955 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хаткардаи мактаб –интернати № 2 шаҳри Душанбе буда, соли 1971 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад ва факултаи китобдории онро хат мекунад.
Вай фаъолияти кориашро дар вазифаи китобдори шуъбаи илмию методӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи