Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. ҚАЛЪАИ ДОРОБӢ

Қалъаи Доробӣ, ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ, Доробӣ теппаи дарозрўяи маҳрутшакл буда, баландиаш 9-10 м. дарозии сатҳи поинӣ 78 м. паҳно 34 м. дарозии қисмати болоӣ 50 м. ва паҳноияш 12 м аст.

В. В. Бартолд қитъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрўзи роҳ муайян шудааст, ба масофаи байни Вашгирд ва қалъаи Доробӣ (тақр.13-15 км) мутобиқат намекунад. Аз тарафи дигар қалъаи Доробӣ, ки роҳи тиҷоратӣ дар канор буд, аз Вашгирд дар масофаи якрўза роҳ шаҳраки имрўзаи  Обигарм ҷойгир аст, ки шояд бо Илоки асримиёнагӣ як бошад.

Ёдгории бостонии Доробӣ то ҳол ҳафр нашудааст. Бостоншиноси тоҷик Ю. Яқубов пас аз пайдо кардани сафолҳои сирдори давраи Сомониён аз атрофи қалъа, тахмин кард, ки асрҳои 9-10 дар ин мавзеъ корвонсароӣ вуҷуд дошт.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе: Адиб, 2017. – С. 152-153.

Муаллифон: Довуд, Д., Қурбонзода Ф.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.