Тойтура Ботирқуловро мешиносед?
“Тойтўра Ботирқулов дар утоқаш танҳо мезисту ба мардуми тоҷик ва қўҳу дамани он самимона дилбаста буд. Ҳар сол тирамоҳон Бишкек мерафту аввалҳои навбаҳорон ба Душанбе бар мегашт ва дар рўзи дуюми омаданаш ба хонаи ман меомад. Кўҳҳои Тоҷикистонро ёд кардам, - мегуфт ў. Ва ба сайри кўҳҳо мебаромад, ба тарафи ҷиболи Ҳисор ё Ромит ё Рашт рафтагор мешуд”.
Ба навиштани ин матлаб номаи ноиби Ректори Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи И.Арабоев Э.Ж. Каниметов сабаб шуд. Моҳе қабл ба саҳифаи сомонаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук аз номи Э.Каниметов ба ин мазмун нома расид:
“Ҳамкорони муҳтарам!
Ба Шумо аз шаҳри Бишкек менависем. Донишгоҳи давлатии ба номи И.Арабоев ҳамроҳ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад маҳфилеро ба ёдбуди Тойтура Ботиқулов созмон диҳад. Тойтура Ботирқулов аз дасти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени “Дӯстӣ” дарёфт кардааст. Вай асарҳои зиёдеро аз адибони тоҷик ба қирғизӣ, ҳамчунин осори Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардаст. Аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунем рӯйхати мақолаву китобҳои ӯ ва навиштаҳое бо ширкати ӯро ба мо ирсол кунед....”
Эҳсос мешавад, ки муаллифи нома низ маълумоти муфассалтаре беш аз ин дар бораи Тойтура Ботирқулов надорад. Танҳо медонад, ки тарҷумонӣ мекард ва асарҳои Чингиз Айтматовро ҳам ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Ин нома ва номи Ботирқулов маро ба ёди солҳои ҷаонӣ буд. Соли 1983 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба радио ва телевизион ба кор сар кардам. Аввал дар сарредаксияи гуфторҳои ҷавонӣ, баъдан адабӣ ва сипас аз охири соли 1985 ба Шуъбаи кишоварзӣ гузаштам. Дар ҳамин шуъба бори аввал ба навиштаҳои Ботирқулов ошно шудам. Вай аз муаллифони фаъол буд ва бештар дар бораи табиат ва олами ҳайвоноту набототи кишвар менавишт. Хидобиёмурз устод Мусаллим Баҳриддинов, ки мудири шуъба буданд, бо вай баъзан тӯлонӣ телефонӣ суҳбат мекарданд. Устод Баҳриддинов мегуфтанд, ки Ботирқулов шикорчӣ аст, аз ин рӯ бештар дар бораи табиат ва олами ҳайвонот менависад. Боре ба идора ҳам омада буд, чеҳраашро хуб дар ёд дорам.
Аммо ин нома аз Бишкек ҳисси кунҷковии маро бештар кард. Чун дар тасаввури ман вай як шикорчӣ буд, навиштаи муаллифи нома, ки ӯро тарҷумон ҳам муаррифӣ мекард, бароям нав буд.
Номаро ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешниҳод кардам ва бо дастури Директори Китобхона, профессор Абдусалом Мирализода шуъбаҳои марбута ба таҳияи библиографияи Тойтура Ботирқулов шуруъ карданд. Дар як муддати кутоҳ 25 матлаб аз навиштаҳои Ботирқулов дар солҳои гуногун бо забонҳои тоҷикиву русӣ гирдоварӣ шуд. Ин номгӯ поёни матлаб замима мешавад.
Аммо ҳамоно дар бораи адибу тарҷумон маълумоти тарҷумаҳолӣ дастрас набуд. Дар рӯйхати аъзои Иттифоқи нависандагон, ки бо хоҳиши мо дӯстамон Сипеҳри Кароматулло ҷустуҷӯ кард, исми ӯ пайдо нашуд, шояд узви Иттифоқ набуд. Вале аз охирин ёддошти адиб ва журналисти маъруф Бахтиёр Муртазо, ки 5 майи соли 2016 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо номи “Сафари адиби ду халқ” чоп шуда буд, ба бисёр суолҳои худ посух дарёфт кардем. Маълум шуд, ки устод Бахтиёр Муртазо аз дӯстони наздики марҳум Ботирқулов будаву бо вай дар кори тарҷумаву чопи асарҳо ҳамкориҳои зиёд доштаанд. Муҳтавои ин ёддошро нақл намекунам, чун лозим донистем онро аз “Адабиёт ва санъат комилан дубора таҳия кунем ва ин ҷо гузорем.
Аммо қаблан хоҳише доштам: Ҳар касе агар дар бораи Тойтӯра Ботирқулов чизе медонад, лутфан нависанд, то маълумоти пурратаре дар бораи ин Сафири адабӣ гирд ояд.
Бобоҷон Шафеъ
Бахтиёр Муртазоев
Сафири адабии ду халқ
Шиносоии мо зимистони соли шасту сеи қарни гузашта дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» ба вуқўъ пайваст. Ман он вақт курси панҷуми Унверситети давлатии Тоҷикистон таҳсил доштам ва дар баробари ин ходими адабии ҳамин рўзнома будам. Тойтўра Ботирқулов мақолаю лавҳа очерку ҳикояҳои худро барои чоп меовард. Ў оҳиста – оҳиста роҳ мегашт, дар гуфтугузор ва амалу кор ҳам ҳеҷ саросема намешуду шитоб намекард. Мо бо ҳам зуд унс гирифтем. Албата, ин сабаб дошт. Акои Тойтўра асарҳои худро бо ду забон менавишт: русӣ ва қирғизӣ Ман навиштаҷоти ўро ҳам аз русӣ, ҳам қирғизӣ тарҷума мекардам. Донистани забони қирғизӣ ба ман аз он ҷиҳат даст медод, ки дар зодгоҳам ноҳияи Қубодиён ўзбекони ақвоми қунғурот ва дўрман зиндагӣ мекунанд. Дўстони ман аз қавми қунғурот бештар буданд ва табиист, ки банда шеваи онҳоро аз овони туфулият медонистам ва ин гўйиши қунғуротӣ ба забони қирғизӣ хеле наздикӣ доштааст. Аз ин ҷиҳат этироми ў нисбати ман зиёдтар буд ва мо бештар ҳамкорӣ мекардем. Ба ҳамин васила ман якчанд лавҳаҳо, инчунин ҳикояи «Атолаи тоҷикӣ» -и Тойтўра Ботирқуловро аз забони қирғизӣ ба забони тоҷиқӣ тарҷума кардам ва ин тарҷумаҳоям дар сахифаҳои рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд.
Тойтўра Ботирқулов асарҳои адибони тоҷикро аз забони тоҷикӣ ба қирғизӣ тарҷума мекард. Ҳар дафъае,ки вохўрем, маънои калимаю иборахои тоҷикиро аз манн пурсон мешуд. Ў ҳамеша суханони барояш душворфаҳмро дар як варақа навишта мемонд. Дар хона дафтари луғат дорам, мегуфт акои Тойтўра – забони тоҷикӣ хеле бой аст, мехоҳам, ки ҳар чи бештар луғат аз бар намоям.
- Аслан шумо забони тоҷикиро чӣ тавр омўхтед?- пурсидам боре аз ў.
- Ин қиссаи дурру дароз аст, - посух гуфт Тойтўра Ботирқулов ва шаммае аз рузгори хеш ҳикоят кард. - Ман дар Қирғизистон дар деҳаи Қара Буураи вилояти Талас таваллуд шудаам. Падару бобоёнам ба чорводорӣ, деҳқонӣ ва сайёдӣ шуғл варзидаанд. Оилаи мо хеле серфарзанд буд, падару модарам ҳабдаҳ нафар писару духтарро ба дунё оварда, тарбия намудаанд. Бародари калони Орзумбек дар муҳорибаи Сталинград шаҳид шуд. Охирҳои соли чилу ду, ки он вақт бистсола будам, ман ҳам ба майдони ҷанг даъват шудам. Дар муҳорибаҳои озодкунии Беларус ва ҷабҳаҳои Украинаву Молдавия ширкат варзидам. 6 – июни соли 1944 дар ҳудуди Руминия, наздикии шаҳри Ясси, сахт захмдор гардида, пас аз он муолиҷа бо дасти чапи шикаста ба хона баргаштам. Шукр гуфтам,ки дар чунин ҷанги хунрез зинда мондам.
Сипас Тойтўра Ботирқулов мактаби дусолаи ҳуқуқшиносиро хатм намуда, чанд муддат ба сифати ҳуқуқшинос кор мекунад. Ин шуғл ба ў чандон писанд намеояд ва пас ба Факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи Қирғизистон дохил мешавад. Ҳамон вақт нисбат ба адабиёт ва забони хеле боғановату рангин, шевои зебои тоҷик меҳр пайдо мекунад. Кашиши ҳамин дилбастагӣ буд, ки соли панҷоҳу ҳафт ба сўи Тоҷикистон роҳ гирифтам. Дар назди худ вазифаи қатъие гузоштам, ки забони тоҷикиро амиқан омўзаму асарҳои адибони ин халқи бародарро бо забони модарии хеш баргардонам. Ёд дорам, ки дар яке рўзҳои моҳи август ба Душанбешаҳр ворид шудам. Дар датам як ҷомадони фанерӣ доштам, ки андаруни он ду- се пироҳан ва чанд адад китобу дафтар гузошта будам. Дар меҳмонсарои «Вахш» ҷой гирифта рўзи дигар пурсон - пурсон ба идораи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон омадам. Мехостам, ки барои амалӣ намудани мақсуди хеш ҳатман бо устод Мирзо Турсунзода мулоқоту машварат намоям. Гуфтанд, ки ў дар рухсатист ва дар тафреҳгоҳи Хоҷа Оби Гарм истироҳат дорад. Ман ҳам бидуни таъхир ба он ҷо раҳсипор шудам. Лекин то ин вақт ҳатто сурати устодро надида будам. Ҳамин тавр, бо устод вохўрдам ва ҳадафи худро ба он кас гуфтам. Чанд нафар аз ҳалқаи устод ҷониби ман бо тамасхўр менигаристанд. Аммо устод, ки шахси бузургвор буданд, бо ман муносибати ҷиддӣ намуданд, ва маслиҳат доданд, ки ба ягон деҳаи кўҳистон биравам. Зеро он ҷо забони тоҷикӣ мисли оби чашма тозаю пок аст. Дар деҳаи дурдасти кўҳистони Ғарм муаллими мактаб будам, аз забони русӣ дарс мегуфтаму худам ҳам забони тоҷикӣ меомўхтам. Аз ҳама шиносони навам хоҳиш намудам, ки бо ман фақат бо забони тоҷикӣ сухан гўянд.
Бо ҳамин минвол Тойтўра Ботирқулов якчанд сол забони тоҷикӣ омўхта, сипас ба Душанбе меояд ва бо радио ва дигар нашрияҳо ҳамкорӣ оғоз менамояд. Соли шастум дар маҷаллаи «Алатов», ки он нашрияро Иттифоқи Нависандагони Қирғизистон аст, ҳикояи «Лолачинӣ» - и нависандаи боистеъдоди тоҷик Пўлод Толис дар тарҷумаи Тойтўра Ботирқулов чоп мешавад. Ин нахустин кори ман дар пайванди халқҳоямон ҳисоб мешавад, гуфта буд мутарҷим. Ман бо нависандаи хуштабъи тоҷик Толис шинос будам, вақте ки ба ў маҷаллаи қирғизиро бо ҳикояаш нишон додам, вай исҳори сипос намуд. Устод Мирзо Турсунзода аз ин қадамҳои аввалини тарҷумониам шод шуданд ва ба ман маслиҳату ёрии падарона доданд. Соли шасту ду Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон да Қирғизистон барпо шуд. Тойтўра Ботирқулов дар арафаи ин чорабинии фарҳангӣ тарҷумаҳои анҷомдодаи худро дар рўзномаю маҷаллаҳои диёри худ супурд. Аксари ин тарҷумаҳо дар рўзҳои даҳа итишор ёфтанд ва устод Мирзо Турсунзода ин хизмати Тойтўра Ботирқуловро дида, ба ў чунин гуфт «акнун шумо сафири адабии ду халқ шудед».
Ҳамин тавр, Тойтўра Ботирқулов аз Қирғизистон бе ному нишон баромада, баъди дар Тоҷикистон заҳмат кашида, забон омўхтан, ба диёри худ ҳамчун тарҷумон номвар қадам биниҳод…
Рўзе Ботирқулов ба идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» маҷаллаи «Алатов»-ро овард, ки дар он повести «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи машҳур Чингиз Айиматов чоп шуда буд. Барои повести «Ҷамила»-и худ ба олитарин мукофоти адабии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷоизаи Ленинӣ шарафманд гардида буд, ки ин асарро устод Фазлиддин Муҳаммадиев тарҷума кардааст. Ҳамин тавр, ман бо ҳамкории Тойтўра Ботирқулов повести «Роҳи Каҳкашон»-ро аз забони қирғизӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудам. Он солҳо сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» инсони поксиришту хайрхоҳ, роҳбари ғамхору донишманд, нависандаи маъруфи тоҷик Мутеъулло Наҷмиддинов буданд, ки тарҷумаро таҳрир карда, ба чопаш иҷозат доданд. Тарҷумаи он поест дар рўзнома пурра дарҷ гашт ва сонитар аз тарафи нашриёти «Ирфон» низ бо тарҷумаҳои устод Хабиб Аҳрорӣ дар шакли як китоб нашр шуд ва унвони умумии ин маҷмўаи повестҳои Чингиз Айматов «Роҳи Каҳкашон» гардид.
Тойтўра Ботирқулов дар баробари тарҷумонӣ асарҳои худро низ менавишт, ки инҳо бештар навеллаҳо ва ҳикояҳои худ оид ба табиат ва олами мавҷудоти наботот мебошанд. Маҷмўаи навеллаҳои ў аз тарафи нашриёт Қирғизистон таҳти унвони «Товчумчуқ» (Гунчишки кўҳӣ) интишор ёфт. Инчунин навеллаҳои адиб, ки ин ҳам дар хусуси набототу мавҷудоти табиат аст, ба номи «Мурғони сухангў» ва бо муҳри нашриёти «Адиб» дарҷ шуд. Ҳоло маҷмўаи диггари навеллаҳо ва ҳикояҳои Тойтўра Ботирқулов ба забони тоҷики омодаи чоп аст. Вай дар солҳои гуногун ҳикояҳои Ҳаким Карим, Абдумалик Баҳрӣ, повести Пўлод Толис «Тобистон», романи «Ман гунаҳгорам»-и Ҷалол Икромиро ба забони қирғизӣ тарҷума ва нашр намудааст. Ба тўли солиёни дароз муаллифи маҷаллаи умумииттифоқии «Вокруг света» (Дар гирди олам) буда, дар саҳифаҳои он ҳикояҳо ва навеллаҳои худро таҳти номҳои «Кадусуроҳӣ», «Чилучор чашма», «Оҳуи сурх», «Холбинӣ», «Бузмак», «Дахмаи Манас» ва ғайра чоп кардааст. Тойтўра Ботирқулов бо фармони Певои миллат ба нишони «Дўстӣ» шарафманд шудааст. Тойтўра Ботирқулов асарҳои фолклори қирғизони сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ фаровон ҷамъоварӣ кардааст.
Тойтўра Ботирқулов дар утоқаш танҳо мезисту ба мардуми тоҷик ва қўҳу дамани он самимона дилбаста буд. Ҳар сол тирамоҳон Бишкек мерафту аввалҳои навбаҳорон ба Душанбе бар мегашт ва дар рўзи дуюми омаданаш ба хонаи ман меомад. Кўҳҳои Тоҷикистонро ёд кардам, - мегуфт ў. Ва ба сайри кўҳҳо мебаромад, ба тарафи ҷиболи Ҳисор ё Ромит ё Рашт рафтагор мешуд.
Тойтўра Ботирқулов соли ду ҳазору сенздаҳ низ фасли навбаҳор ба Душанбе омаду моҳи сентябр ногаҳон дар сини наваду яксолагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст. Ва дар мазористони Сари Осиё макони абад ёфт. Ба хаёлам нависанда, тарҷумон, фолклоршинос-сафири адабии ду халқ Тойтўра Ботирқулов вафот кардааст, не балки ба тамошои кўҳҳои Ҳисор ё Ромит ё Рашт рафтаасту рўзе як даста мақолаю лавҳаҳои худро барои чоп ба нашрияҳо пешниҳод хохад кард.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ
Аз Тойтӯра Ботирқулов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед мутолиа намоед:
- Батыркулов, Т. Красота в ноздре: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1992. - №7. – С.22-23.
- Батыркулов, Т. Эчкиэмар: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1992. - №7. – С.34-35.
- Батыркулов, Т. Могила Манаса: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1992. - №7. – С. 36.
- Батыркулов, Т. Неведомая Тешик - Таш: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1979. - №9. – С.23.
- Батыркулов, Т. Мал Мазар: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1980. - №10. – С.22-23.
- Батыркулов, Т. Палван Таш: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1972. - №6. – С.27.
- Батыркулов, Т. Кок Суу: Заметка //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1984. - №7. – С.51.
- Батыркулов, Т. Сал на реке Вахш //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1973. - №5. – С.58-59.
- Батыркулов, Т. Журчит в горах арык: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 1986. - №9. – 86с.
- Батыркулов, Т. Тава Таш: Очерк //Вокруг света: Научно-художественный журнал. – М.: Молодая гвардия, 192. - №12. – С.10.
- Ботиркулов, Т. Бозгашт аз шикор: Вернувшийся с охоты: Рассказ //Маориф ва маданият. – 1962. – 4 августа.
- Ботиркулов, Т. Ҳамтақдирем //Маориф ва маданият. – 1962. – 21 июня.
- Ботиркулов, Т. Атолаи тоҷикӣ: Рассказ //Маориф ва маданият. – 1964. – 22 декабря.
- Айтматов, Ч. Роҳи каҳкашон/ Перев. Батыркулов, Т.и Муртазоев, Б. – Душанбе: Ирфон, 1965. – С.143-254.
- Ботиркулов, Т. Рубоҳи моҳигир ва уқоби ришдор//Мурғи сухангӯй: Маҷмуаи лавҳаву очеркҳо. – Душанбе: Адиб, 1991. – С.34-72.
- Турдыбаев, Ж. Кто пытается сделать джиргитальцев манкуртами?: Открытое письмо //Кутбилим. – 2011. – 13мая. (Упоминается Батыркулов, Т.)
- Бобоалиева,З.П. Творчество Ч.Айтматова в контексте таджикско-кыргызских литературных связей (проблемы перевода): Диссертация. – С.33. (Упоминается Батыркулов, Т.)
- ТАДЖИКИ И КЫРГЫЗЫ – НАРОДЫ, ОБРЕЧЕННЫЕ НА ВЕЧНУЮ ДРУЖБУ! Элект. ресурс http://ru.orien.info/kultura/1371-tadzhiki-i-kyrgyzy-narody-obrechennye-na-vechnuyu-druzhbu.html
- Муртазо, Б. Сафари адиби ду халқ: Роҷеъ ба кор на фаъолияти нависанда, тарҷумон фолклоршинос – сафири адабии ду халқ Тойтура Ботирқулов //Адабиет ва санъат. – 2016. – 5 май
- Ботирқулов, Т. Дил ҳамеша дар сафар: Мусоҳиба бо нависанда, тарҷумон, сайёд, табиатшинос Ботиркулов, Т. //Садои мардум. – 1993. – 23 май.
- Ботиркулов, Т. Чилдухтарон: Аз осорхони табиат //Садои мардум. – 1991. – 27сентябр.
- Ботиркулов, Т. Каҳкашон: Равзанаи табиат //Садои мардум. – 1991. – 27 сентябр.
- Ботиркулов, Т. Машқи бургутҳо: Мушоҳидаи табиатдӯст //Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 5 июн.
- Ботиркулов, Т. Зард ва сурх: Ҳикоя /Аз қиргизӣ тарҷ. Атоев, А. //Адабиет ва санъат. – 1989. – 17 август.
- Ботиркулов, Т. Хирс ҳайвони нодир //Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 30 июн.
Таҳияи Н. Валиева ва Б Қурбонова.