Юлчибой Мусоев-ҳамкори мо аз Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ рӯзи 25-уми июн ба синни мубораки 60 қадам мегузоранд. Як инсони хеле самимиву хоксор, донандаи хуби фаъолияти китобдорӣ, шахси ҳамеша ҳозир ба кумаки ёрону ҳамкорон. Матлаби зер ба қалами собиқадори Китобхонаи миллист, ки Юлчибой Мусоевро солҳои сол мешиносад. Ва чун ин навишта ворид шуд, аз он ҳарфе кам накардем.
Лев Николаевич Толстой-адиби шуҳратёри рус дӯст медошт, ки афсонаву ривоят нависад ва ё афсонаҳои қаблан хондаву шунидаи худро дар қолаби ҳикоёти ҷолиби замонӣ дароварад ва бо андаке тағйир ва обуранги бадеӣ як ҳикояти шуниданиву хонданиро ба ҳаводорони каломаш пешкаш кунад. Як силсила аз ин афсонаҳои ба қалами Толтой ҷомаи ҳикоятҳои воқеъии замонӣ пайдокарда дар маҷмуаии “Маҳкуми бегуноҳ”. Ки бо талоши донишм анди тоҷик Шодӣ Шокирзода Нуъмонпур соли 2017 чоп
Дар рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон муроҷиат намуд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рўзи 27-уми июнро дар кишварамон Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».
Эмомалӣ Раҳмон
Шоҳнома асари безаволи классикии адабиёти тоҷику форс аст, ки халқи мо дар тули асрҳо мехонад. Таърихи шоҳони бостонӣ – танҳо торест, ки бар он дурдонаҳои ҳикоёти манзуми воқеаҳои таърихии қадимулайём кашида шудааст. Ин достони қаҳрамонҳост, ки мазўи асосияш мубориза ва корнамоии қаҳрамононӣ халқӣ мебошад. Хираду инсонпарварӣ – ҳаминанд қувваҳое, ки дар тасаввуроти Фирдавсӣ тақдири халқҳоро ҳал мекунанд.
Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафмандидест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.