Ривояти Толстой дар бораи пайдоиши шаҳри Рим

Лев Николаевич Толстой-адиби шуҳратёри рус дӯст медошт, ки афсонаву ривоят нависад ва ё афсонаҳои қаблан хондаву шунидаи худро дар қолаби ҳикоёти ҷолиби замонӣ дароварад ва бо андаке тағйир ва обуранги бадеӣ як ҳикояти шуниданиву хонданиро ба ҳаводорони каломаш пешкаш кунад. Як силсила аз ин афсонаҳои ба қалами Толтой ҷомаи ҳикоятҳои воқеъии замонӣ пайдокарда дар маҷмуаии “Маҳкуми бегуноҳ”. Ки бо талоши донишм анди тоҷик Шодӣ Шокирзода Нуъмонпур соли 2017 чоп шудааст, гирд оварда шудаанд. Чанде пештар мо аз ин китоб мулоҳизоти адиби номварро дар бораи «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» пешкаши хонандагон карда будем. Ҳоло аз ин силсила ҳикояти дигар: “Бунёди шаҳри Рим”-ро бихонед.

                                                       Бунёди шаҳри Рим

                                                                 (Таърих)

 Подшоҳе ду писар дошт: Нумитор ва Амулиий. Вақти мурдан ба писаронаш гуфт: - Шумо, мероси маро чӣ гуна тақсим мекунед? Кӣ подшоҳиро мегираду кӣ сарвати маро?

 Нумитор шоҳ шуду Амулий сарватро интихоб кард. Вақте, ки Амулий сарватро гирифт, ки бо вуҷуди ҳамаи ин сарвату дороиаш шоҳ аст. Пас ў ба сарбозон тангаву тило дода, онҳоро водор кард, ки Нумиторро аз мамлакат зада пеш кунанд ва ў шоҳ шавад. Сарбозон чунин ҳам карданд ва Амулий шоҳ шуд. Нумитор духтаре дошт. Духтари ў дугоник - ду писар таваллуд кард. Ҳар ду зебою солим буданд.

 Амулий андешид, ки инҳо рўзе калон мешаванд ва барои он ки маҳбуби мардум нашаванду онҳоро шоҳ интихоб накунанд, Фаустин ном ғуломашро даъват карда гуфт: -Ин ду кўдакро гир бурда, ба дарё андоз.

  Он дарё Тибр ном дошт.

 Фаустин кўдаконро дар сандуқе ниҳода, ба соҳили дарё бурда партофт ва гумон дошт, ки онҳо худашон мемиранд. Аммо оби дарёи Тибр калон шуд ва сандуқро гирифта, ба поён бурд ва дар пояи дарахте берун овард. Шаб модагурге он ҷо омад ва пистонашро ба даҳонашон монда кўдаконро маконд.

   Кўдакон паҳлавону зебо шуданд. Онҳо дар ҷангали назди шаҳре, ки Амулий шоҳи он буд, мезистанд ва ҳайвонҳои ваҳширо шикор мекарданд. Мардуми шаҳр аз аслу насабашон огоҳ шуда, онҳоро барои зебоии бемислашон дўст доштанд. Калониро Ромул ва хурдиро Рем ном ниҳоданд.

  Боре чўпонҳои Нумитор ва Амулий рамаҳояшонро ба назди ҷангал оварда, бо ҳам пархош намуданд: чўпонҳои Амулий рамаи Нумиторро рабуданд. Дугонаҳо, ки воқифи ҳол буданд, аз пасашон рафта чорвои Нумиторро гирифтанд. Чўпонҳои Нумитор, ки аз ин кор дар хашм шуда буданд, фурсат ёфта, дар набудани Ромул Ремро дастгир карда, ба шаҳр назди Нумитор оварданд ва гуфтанд:

 - Дар ҷангал ду бародар пайдо шуданд. Онҳо молҳоро ба зўрӣ мегиранд. Якеро дастгир кардем.

   Нумитор амр кард, ки Ремро ба назди бародараш – шоҳ Амулий баранд. Бародараш Амулий гуфт:

- Онҳо чўпонҳои бародарамро ранҷондаанд, бигзор худи ў ҷазояшонро диҳад.

  Ремро боз ба назди Нумитор оварданд. Нумитор аз ў пурсид:

- Кӣ ҳастӣ ва аз куҷоӣ?

 Рем гуфт: - Мо ду бародарем, ҳангоми кўдакӣ сандуқи моро дарёи Тибр ба пояи дарахте овард. Он ҷо моро ваҳшиёну парандагон калон карданд. Ба воя расидем. Аммо барои аслу нажоди моро донистан сандуқе барҷост. Дар нақшҳои мискории он хатҳое навишта шудааст.

  Нумитор тааҷуб кард ва ба андеша рафт: шояд инҳо наберагонаш бошанд? Дар ин миён Ромул дар ҷустуҷўи бародараш буду ўро дар ҳеҷ ҷое пайдо намекард. Вақте чўпонҳо ба ў гуфтанд, ки бародарашро ба шаҳр бурданд, ў сандуқро бардошта он ҷо бурд. Фаустин сандуқро дида шинохт ва ба мардум гуфт, ки инҳо ҳамон наберагони Нумиторанд, ки Амулий онҳоро ғарқ карда куштан мехост. Мардум ба хашм омада, Амулийро куштанд ва Ромулу Ремро ба подшоҳӣ баргузиданд. Аммо Ромул ва Рем он шаҳр ва шоҳии онро ба бобояшон Нумитор вогузоштанд. Худашон ба зери ҳамон дарахти соҳили Тибр, ки модагург онҳоро маконда буд, омаданд ва шаҳри нав - Римро бунёд намуданд.

                                                                     ****   ****   ***

 Хонандагони азиз! Агар завқи мутолиаи ин китоби хонданиро доред, пас лутфан ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ муроҷиат намоед. 

 Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,

 Сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон