Таърихи адабиёти ҷаҳон. Овидий ( 43 то милод – 18 милодӣ )
Тавре ишора рафт, дар замони ҳукмронии Август ду ҷараёни адабӣ буд, ки якеи онро оппозитсионӣ мегуфтанд. Ин ҷараён, ки камбудиҳои замонро танқид менамуд, инкишоф наёфт ва танҳо бо танқиди баъзе ислоҳоти Август, ки марбути масъалаҳои оилавию маишӣ ва ахлоқӣ буданд, маҳдуд монд. Адиби машҳури Рум Публий Овидий Назон намояндаи ҳамин ҷараён маҳсуб мешавад. Овидий дар шаҳрчаи Сулмон, ки 140 км дуртар аз Рум воқеъ буд, дар оилаи сарватманде ба дунё омадааст. Баъди дарёфти маълумот дар Рум Овидий барои такмили савод ба Юнон, Осиёи Хурд ва Ситсилия меравад.
Эҷодиёти Овидий ба 3 – давра тақсим мешавад.
I. Барои давраи аввали эҷодиёти Овидий мавзўъҳои ишқӣ хос аст. Ин пеш аз ҳама маҷмўаи «Сурудҳои ишқӣ» хос аст, ки дар он 40 шеър дарҷ аст. Ҳамаи ин шеърҳо дар атрофи шоири ошиқ Корина гурўҳбандӣ шудааст. Роҳҳои нави инкишофи шеърҳои ошиқонаи ҳузновар дар маҷмўаҳои дигари Овидий «Занони қаҳрамон» ё «Пайғом», ки аз 15 номаи қаҳрамонони мифологӣ ба ошиқонашон ё шавҳарашон, ки бо ин ё он сабаб онҳоро тарк карданд, ба назар мерасад. Он қаҳрамонҳои мифологӣ, аз қабили Пенелона, Фёдра, Медея, Брисеида, Дидона мебошанд. Каме дертар ба ин маҷмўа боз 3 номаи ҷавобии ҷавонмардон ба маъшуқонашон бо ашъори ошиқонаи ҳузновар илова мегардад.
Овидий дар яке аз мактабҳои риторикӣ (омўзиши илми маонӣ ва баён, илми балоғат, суханварӣ, назарияи санъати наттоқӣ) низ таҳсил карда буд. Супориши махсусе буд, ки ҳолати ботинии ин ё он персонажҳои мифологиро дар шароити муайяне тасвир намояд. Ҳамин хусусияти риторикию декламатсионӣ барои маҷмуаи Овидий «Занони қаҳрамон» низ хос аст.
Аммо Овидий риторикаро барои таҳлили амиқи психологии персонажҳои занон истифода бурдааст. Овидий ба сифати муаллифи «илми эҳсосоти нозук» дар асарҳои дидактикӣ ва пародиявиаш “Санъати мухаббат», «Дору барои рўи зан» намудор мегардад.
Овидий барои ошиқон раҳнамое бо номи «Раҳнамои ишқ» таълиф намуд. Ин достон аз 3 китоб иборат буда, бо риояи тамоми кавоиди риторикӣ эҷод шудааст. Дар китоби аввал оид ба пайдо намудани ёри мувофиқ, чӣ гуна ба даст даровардани ин муҳаббат маълумот медиҳад.
II. Дар давраи дуюми эҷодиёташ Овидий достони мифологии «Табдилот» ва достони « Фаст» («Тақвим ») – ро эҷод кардааст.
«Метаморфоза» аҳамиятноктарин асри Овидий буда, аз 15 китоб иборат аст ва 12 ҳазор шеърро дар бар гирифтааст. Бо риояи принсипи хронологӣ Овидий қариби 250 асотири гуногунро бозгў менамояд, ки онҳо аз пайдоиши одам то таърихи пайдоиши мифологияи Рум маълумот медиҳад. Овидий дар эҷоди асарҳояш аз жанри замони Эллинизм «талабот» истифода бурдааст. Ў дар бораи табдил ёфтани одам ба ҳайвон, рустаниҳо қисса мекунад.
Дар «Метаморфоза» як қатор лаҳзаҳо ва новеллаҳое низ ҳастанд, ки бо такмили адабиашон фарқ мекунанд. Аз ҷумла, новелла доир ба Нарсисс, ки ба акси худ дар об ошиқ шуда, ба гул табдил ёфтааст, ё қисса доир ба парвози Дедал ва Икар, ҳамин гуна хусусият доранд.
Дар достони нотамоми «Фаст» урфу одат ва иду санаҳои таърихии гуногун васф карда мешавад.
III. Давраи охири умр ва эҷодиёти Овидий бо бадарға шудани ў аз Рум ба шаҳри Том (ҳозира бандари Контанса дар Руминия) вобаста аст. Бо фармони Август Овидий дар соли 8 то милод ба он ҷо фиристода шудааст, аммо то ҳол сабаби аниқи ин бадарға ба мо маълум нест, ҳарчанд ки ақидаҳои гуногуне вуҷуд доранд. Шояд сабаби бадарға шуданаш асари ў бошад, ки хусусиятҳои ахлоқию эстетикии ислоҳоти Августро зери танқид гирифтааст.
Овидий дар бадарға маҷмўаи худ «Элегияи ҳузнангез» – ро, ки аз 5 китоб иборат аст ва 4 китоби «Пайғом аз Понта» –ро навиштааст.
Овидий дар ғарибӣ дар гўшаи дуртарини тобеи Рум дар байни кабилаи барои ў бегонаи фракиҳо соли 18 милодӣ вафот мекунад ва ҳамон ҷо гўронида мешавад.
Овидий дар инкишофи минбаъдаи назми ҷаҳонӣ таъсири муфид расонидааст. Хусусан, дар замони Эҳё маъруфияти ў бештар мегардад ва асари ў «Метаморфоза» баҳои ҳақиқиро соҳиб мешавад. Шоирони машҳури дунё аз Овидий омўхтаанд ва дар байни ихлосмандони ў метавон Шекспир, Сервантес, Шиллер ва Ҳутеро ном бурд.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.