Activities calendar

01 апреля 2020

Чӣ бояд кард, ки китобхонаҳо маркази илму фарҳанг бошанд?

​Имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъала аз иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Ба ин масъала дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Андешаҳои директори Муассисаи давлатии «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон», дотсент Қурбоналӣ Буризодаро дар ин робита пешниҳоди хонандагон менамоем.

 - Баҳое, ки Сарвари давлат ба китобхонаҳо доданд, арзанда буд.

“Нақш дар маҷро” – сеюмин китоби рӯзноманигори маъруф Зулолаи Нур

 Чашмам имрӯз ба ин китоб афтод, ки гулчине аз мусоҳибаҳои Зулолаи Нур (Мушкинисо Хоҷаева)  – журналисти соҳибноми тоҷик дар он гирдоварӣ шуда буданд. Китоб соли 2016 чоп шуда будааст ва як силсила суҳбатҳои хеле шавқовару ҷолиби муаллифро дар бар мегирад. Дар як нишаст бештари ин мусоҳибаҳоро хондам ва хостам онро ба хонандагони толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тавсия диҳад. “Нақш дар маҷро”  сеюмин китоби Зулолаи Нур аст. То ин замон китобҳои вай бо номҳои  «Марг ва ҳаёт» (2011) ва «Роҳ ба сўи худ» ба нашр расида буданд.

 

Суоли хонанда. Посухи мо

​ Салом ба ҳамаи кормандони сомонаи Китобхонаи миллӣ. Як пурсиш доштам. Замоне унвоне доштем бо номи Китобдори Хизматнишондода. Оё ин унвон ҳоло ҳам вуҷуд дорад? Агар вуҷуд дорад, он ба киҳо бояд дода шавад? Масъули эътои он кадом ниҳод аст? То кунун дар кишвар чанд нафар соҳиби ин унвонанд?

 Бо эҳтиром Саҳобиддин Амирҷонов,