Ҷойи зикр аст, ки саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад. Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст.
«Маҳабҳарта» ба забони санекрит иншо шуда, маънояш «Қиссаи авлоди Бҳаратаҳои бузург» мебошад. Он чун ҳамосаи Ҳинди бостонӣ дар асоси қиссаву ривоятҳои мардуми Ҳиндустони Шимолӣ дар нимаи дуюми ҳазораи дуюми то милод иншо шудааст. Муҳақиқон онро ба қалами ҳаким ва шоири қадими Ҳинд Кришна Двайпаяна Виаса мансуб медонанд.
«Маҳабҳарта» аз 85 ҳазор бандҳои чаҳормисраӣ / шлок / иборат буда, 18 китобро ташкил додаст. Мундариҷаи асосии достон дар атрофи муборизаву набардҳои фарзандони шоҳи афсонавӣ Бҳарат барои барқарор кардани ҳукумати Ҳастинапура /Деҳлии имрўза / сурат гирифтааст.
Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст. Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.
Дар китоб оид ба ҷанбаҳои мухталифи мероси фарҳанги Ғайримоддии халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Маводи таҳқиқшуда аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар асоси экспедитсияҳои мардумшиносии аз ҷониби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ шуда буданд, истифода гардидааст. Китоб аз се бахш иборат буда, дар он оид ба ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатии мардуми тоҷик таҳқиқот сурат гирифтааст. Китоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, фолклор, мардумшиносӣ ва умуман ихлосмандону алоқамандони мероси фарҳанги