Activities calendar

10 апреля 2020

Китоби нав: Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷуйҳои илмӣ

 Дар китоби мазкур, ки муаллифи он Шариф Комилзода – Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад, бахшу зербахшҳои нав, аз ҷумла лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат - Эмомалӣ Рахмон», роҳандозӣ намудани корҳои пажўҳишӣ  ва баргузории экспедитсияхои илмиву тадқиқотҳои сотсиологӣ, иштирок дар конференсияву семинарҳои ғоибона илова гардида, мақолаҳои нашргардида тибқи талабот ба илмӣ ва илмию оммавӣ гурўҳбандӣ шудааст.

 

Гулшани андеша. Мунтахаби ва меҳрномаи ҳамкорону шогирдон

Китоби “Гулшани андеша”, ки ҳоло дар бораи он сухан хоҳад рафт, мунтахаби мақолоти илмии дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва меҳрномаи ҳамкорону  шогирдон ӯ буда, соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Дар маҷмўаи мунтахаби мақолоти илмиву таълимии дотсент С.Ҳоҷиев, ки солҳои мухталиф таълиф шудаанд, гирд омада,баъдан меҳрномаи устодон ба мавсуф ва ёдномаи С.Ҳоҷиев дар бораи устодони фақиди донишгоҳ оварда шудаанд.

Ҳамчунин мачмўа фарогири тақризҳои соҳибҷашн ба асари олимони ҷумҳурӣ аст.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Овидий ( 43 то милод – 18 милодӣ )

Тавре ишора рафт, дар замони ҳукмронии Август ду ҷараёни адабӣ буд, ки якеи онро оппозитсионӣ мегуфтанд. Ин ҷараён, ки камбудиҳои замонро танқид менамуд, инкишоф наёфт ва танҳо бо танқиди баъзе ислоҳоти Август, ки марбути масъалаҳои оилавию маишӣ ва ахлоқӣ буданд, маҳдуд монд. Адиби машҳури Рум  Публий Овидий Назон намояндаи ҳамин ҷараён маҳсуб мешавад. Овидий дар шаҳрчаи Сулмон, ки 140 км дуртар аз Рум  воқеъ буд, дар оилаи сарватманде ба дунё омадааст. Баъди дарёфти маълумот дар Рум Овидий барои такмили савод ба Юнон, Осиёи Хурд ва Ситсилия меравад.

           

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ба муовини сардори Шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ Баротов Тавфиқ,  бинобар даргузашти бармаҳали

БАРОДАРАШ

 ва ба мутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷӣ Меҳрангез Латипова бинобар даргузашти нобаҳангоми