Гулшани андеша. Мунтахаби ва меҳрномаи ҳамкорону шогирдон

 Китоби “Гулшани андеша”, ки ҳоло дар бораи он сухан хоҳад рафт, мунтахаби мақолоти илмии дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва меҳрномаи ҳамкорону  шогирдон ӯ буда, соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Дар маҷмўаи мунтахаби мақолоти илмиву таълимии дотсент С.Ҳоҷиев, ки солҳои мухталиф таълиф шудаанд, гирд омада,баъдан меҳрномаи устодон ба мавсуф ва ёдномаи С.Ҳоҷиев дар бораи устодони фақиди донишгоҳ оварда шудаанд.

Ҳамчунин мачмўа фарогири тақризҳои соҳибҷашн ба асари олимони ҷумҳурӣ аст.

 Маълуми  ҳамагон аст, ки шуғли варзидан ба корҳои олимиву омўзгорӣ кори басо заҳматталаб буда, аз шахс сабру қаноат,таҳаммул,заҳматкашиву заҳматписандиро тақозо дорад. Дар рўзгор шахсоне кам нестанд,ки тамоми вуҷудашонро баҳри ба камолоти маънавӣ соҳиб шудани шогирдон бахшида, касби худро ба ҳеҷ чизи дигар иваз намекунанд. Саидмурод Ҳоҷиев, номзади илмҳои филологӣ,досенти кафедпаи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Аълочии маорифи ҶТ,барандаи ордени «Шараф» (дараҷаи 2-юм)  дар радифи ҳамин гуна ашхоси содиқ ба касби хеш қарор дошта, аз нафароне мебошад, ки хидматашон дар тамокули ҳаёти маънавиву камолоти ҳар як фарди ҷамъият басо калон аст.

Китоби “Гулшани андеша”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

         Шарофат Мирзоева,

сармутахассиси шўъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.