Он чӣ дар боло баён намудем, ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ мурод аз он майи хушгувор, ки шоир маънии оби зиндагияш медонаду аз бўйи он дили мурда ҷон мегирад, ишқ аст. Танҳо ишқ аст, ки ба инсон умри ҷовидонагӣ мебахшад ва шоир ин маъниро ҷойи дигар бидуни рамзу киноя ба таври возеҳ мегўяд
5. Бода – ҳаётбахш
Ин мутифро метавон идомаи мутифи «Ситоиши бода» номид, зеро ҳаётбахшӣ яке аз сифатҳои бода аст. Бино ба гуфтаи Ҳофиз он оби зиндагӣ, ки Искандар ҷусту наёфт ва Хизр нўшиду
Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор. Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик
Хушбахтона, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои педагогӣ, профессор Бозорбой Холов аз зумраи инсонҳои нексириштест, ки маҳз бо илму дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва мутолиаи пайвастаи китоб на танҳо дар байни аҳли кормандони донишкада, балки мутахассисони соҳаи китобдории дохил ва хориҷи кишвар соҳиби ҳурмату эҳтиром ва обрӯи баланд гардидааст.