Activities calendar

15 апреля 2020

Шоире, ки зодаи замони ҷанг буд

Шоир Муҳаммад Юсуф зодаи замони ҷанг аст. Тақрибан ним моҳ пас аз рӯи дунё омаданаш хабари хатми ҷанг расид. Қудуми муборак дошт ва муборак зист. Соҳиби китобҳои зиёд нест. Вале шеъри камаш ҳам аз шоириву муҳаббаташ ба шеър гувоҳӣ медиҳад. Хеле зиндагонии хоксорона дошт. Инсоне буд самимӣ ва дӯстдоштанӣ. Агар зинда мебуд, ҳоло ба 75 медаромад. Ёдаш ба хайр.

Оне, ки ҳоло ҳам дӯсташ медоранд

Даҳ сол шуди миёни мо нест. Дар айни камолоти эҷодӣ тарки олам кард. Вале даҳҳо таронаи марғубаш барояш умри ҷовидон овард. Ҳоло ҳам, ки аз радио таронаҳояшро мешунавем, гумон мекунем ӯ зинда аст, миёни мост ва ҳамоно бо сабку услуби хосаш таронаҳои нав месарояд. Сурудаҳояш ба ҳадде мақбуланд, ки давру замон надоранд. Васфи як дараи афсонавӣ – Яғноб ҳазорон нафарро ошиқу дилбастаи Яғноб

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши сеюм.

 Истилоҳоти мусиқӣ дар ашъори шоир ба дараҷаест, ки бархе аз ҳофизшиносон ўро мусиқидон донистаанд ва далелашон аз як сў, корбурди истилоҳоти мусиқӣ бошад, аз сўи дигар, худи вожаи «Ҳофиз» аст, ки маънии овозхон, ромишгарро низ дорост (364, 57). Аммо аксари ҳофизшиносон ин ақидаро рад намуда, вожаи «Ҳофизро»-ро ба маънии азбаркунандаи Қуръон медонанд (367, 213). Муроди мо ин ҷо муайян намудани мусиқидонии Ҳофиз нест. Шоир мусиқиро

Гуле аз гулҳои «Гулшан”

 Созу навои “Гулшан”-и овозадор ҳамоно зинда аст. Ин аввалин дастаи ҳунарии эстрадии кишвар ҳунармандони маъруфе чун Баҳодур Неъматов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Орифшо Орифов, Кароматулло Қурбонов, Раҳима Шалоер, Хурмо Ширинова ва дигаронро ба миллат муаррифӣ кард. Ва Мағфират Ҳамроқулова низ гуле аз гулистони

Зодрӯзӣ устод Айнӣ. Манзилати фарзонафарзанди тоҷик дар Ҳиндустон

Дар Ҳиндустон ду шахсияти бузурги Тоҷикистон - асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва муаррих, шарқшинос, аллома Бобоҷон Ғафуровро бештар мешиносанд ва қадр мекунанд. Б. Ғафуров бо хидматҳояш дар шинохти таъриху тамаддуни халқи ҳинду ва устод С. Айнӣ бо осори гаронбаҳои адабӣ дар дилу дидаи ҳиндуҳо маъво гирифтаанд. Бавижа, дар тарҷумаву муаррифии устод Айнӣ нақши адиб, олим ва тарҷумони сермаҳсули адабиёти ҳинд дар асри XX Раҳул Санкритяян шоистаи таҳсин аст.