Гуле аз гулҳои «Гулшан”

 Созу навои “Гулшан”-и овозадор ҳамоно зинда аст. Ин аввалин дастаи ҳунарии эстрадии кишвар ҳунармандони маъруфе чун Баҳодур Неъматов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Орифшо Орифов, Кароматулло Қурбонов, Раҳима Шалоер, Хурмо Ширинова ва дигаронро ба миллат муаррифӣ кард. Ва Мағфират Ҳамроқулова низ гуле аз гулистони ҳамин “Гулшан” буд. То ҳанӯз таронаҳои “Гулҳои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Баҳори лолазори ман”, “Шаби ошиқон” ва ғайра аз ёдамон нарафта. Ин ҳунарманди овозадор баъди солҳои мушкили ҷанги бародаркуш Амрикоро зистгоҳи худ қарор дод. Вале ҳар боре ба Душанбеи азизаш меояд, мегӯяд: Ин шаҳри ман аст ва ман рӯзе ба он бармегардам.

Махфират Ҳамроқулова 11 апрели соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна оғоз намудааст. Аз соли 1971 солисткаи ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият намудааст.

Чун медонист эстрада кайҳонест, ки фатҳаш заҳмат мехоҳад, ҳамвора машқ мекард. Истеъдоди сарояндагии ў махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир мегардад. Ҳар таронааш бо рақс, табассум ва нигоҳҳои маънидор оро ёфта, дар дили сомеъон ҷо мегирифт, зеро аз садои дил, аз ҷўшу хурўши зиндагӣ иборат буд. «Дили манӣ», «Боз бигирям», «Фарёди ишқ», «Сурудам», «Расми оштӣ», «Баҳори лолазори ман», «Тоҷикистон», «Умед», «Соҳиби эъҷоз», «Гули шафтолу», «Лабханди май», «Чашми кўҳ», «Шаби ошиқон», «Духтари дарё», «Паймон», «Бо ман ҳама баробар», «Хоҳаракам», «Арчаи мо», «Ташна», «Чашми шўх», «Хуш набошад», «Алами дил», «Ту танҳо нестӣ», «Душанбе», «Ҳусни ниҳонӣ» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Махфират Ҳамроқулова соли 1973 Барандаи ҷоизаи Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Берлин, соли 1976 иштирокчии Рўзҳои маданият ва санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон, соли 1979 иштирокчии Озмуни 6-уми умумииттифоқии артистони ҷавони эстрада дар шаҳри Ленинград буд.

Соли 1977 ба Лаҳистон, солҳои 1981, 1984, 1987 ба Афғонистон сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Сароянда соли 1979 бо дипломи Озмуни умумииттифоқии телевизионӣ «Суруд ҳамқадами ҳаёт» ва соли 1980 ба унвони Ҳунар­пешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор гардид.

Мағфират Ҳамроқулова ҳоло дар Амрико бо аҳли хонаводааш зиндагонӣ мекунад. 

Бозчоп аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 2004. – Ҷ. 3. – С. 454.

Муаллиф: А. Алиев.

Дар бораи Мағфират Ҳамроқулова дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Файзуллоев, Ҳ. Кашфи маҳорат: Дар бораи сарояндаи хушадои ансамбли эстрадии «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова // Маориф ва маданият. – 1976. – 6 март.

Суруди «Фестивал» дар фазои Гавана: Нақли сарояндаи ансамбли «Гулшан» дар бораи фестивали гузашта // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 28 июл.

   Атобуллоев, Д. Зиндагӣ худ суруди ширинест: Дар бораи солисткаи ансамбли эстрадии «Гулшан Ҳамроқулова» // Маориф ва маданият. – 1978. – 24 июн.

  Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Дар бораи ба солисткаи оркестри эстрадии «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова додани номи фахрии «Артисткаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» // Маориф ва маданият. – 1980. – 12 феврал.

 Содирова, М. Оҳанги дил: Дар бораи Артисти Хизматнишондодаи республика аз ансамбли эстрадии «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 1 декабр.       

  Довгаленко, Ю. Суруди Махфират дар Украина // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 14 июн.

  Раҳимов, И. Гулҳои «Гулшан»: Махфират Ҳамроқулова ва дигарон // Занони Тоҷикистон. – 1988. – №10. – С. 22-23.

 Нозир, О. Махфират Ҳамроқулова бо Алла Пугачёва дугона буд: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораи эстрадаи ансамбли «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова // Оила. – 2018. – 3 октябр.

  Шерхон, У. 10 зебосанами Тоҷикистони Шўравӣ: Дар бораи сарояндаи эстрада, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. – декабр. – С. 47.

                                                     Мусоҳибаҳо:

Ҳамроқулова, М. Эстрада – муҳаббати ман: Мусоҳибаи мухбирон Ҳ. Хушқадамова ва Д. Атовуллоев бо сарояндаи ансамбли «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. – 13 июл.

   Ҳамроқулова, М. Душанбе шаҳри ман аст ва рўзе бармегардам!: Суҳбати Гулноза Аҳмадзода бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, сарояндаи ансамбли номдори эстрадаи «Гулшан» Махфират Ҳамроқулова // Бонувони Тоҷикистон. – 2019. – июл. – С. 8-9.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ