Шумо аз Олес Гончар чӣ хондаед?
Нашр шуд 2019-07-05 10:55
Аз ҷумлаи адибони сермаҳсули замони Шӯравист, ки асарҳои зиёдаш ба тоҷикӣ ҳам баргардон шудаанд. Яке аз маъруфтарин нависандагони украин аст. Хеле сиёсатзада ҳам буд, ки зидди Б.Л.Пастернак, А.И. Солженитсин, А.Д.Сахаров, ки бо сиёсатҳои шўравӣ созгор набуданд, мақолаҳо навиштааст. Аммо бо вуҷуд он солҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нависандагони пурхонанда буд.
Гончар Олес ( Александр Терентевич) 3 апрели соли 1918 дар деҳаи Сухаи вилояти Полтава ба дунё омадааст. Нависандаи украин акад. АИ Украина (1978). Аз хонаводаи кишоварз. Бо забонҳои русӣ ва украинӣ менавишт. Асарҳои нахустинаш соли 1938 ба табъ расидаанд. Дар ҶБВ (1941-45) ширкат дошт. Хатмкардаи Донишгоҳи Днепропетровск (1946). Барои ду китоби аввали сегонаи «Байрақбардорон» («Кўҳҳои Алп»,1946; «Дунайи кабуд», 1947) ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро гирифтааст ва китоби сеюми он «Прагаи тилоӣ» (1948) ӯро бештар маъруф кард. Ин кистоб соли 1951 ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Қаҳрамони аслии ин асар фарзанди Тоҷикистон полковник Самиев мебошад.
Барои романҳои Гончар «Инсон ва силоҳ», 1960, Мукофоти ба номи Т.Г. Шевченко, «Тронка» (1963) мукофоти ба номи В. И. Ленин шудааст.
Ҳикояҳои ў «Партгоҳи сиёҳ» (1986) ба фоҷеаи Чернобил бахшида шудааст. Алайҳи осори Б.Л.Пастернак, А.И. Солженитсин, А.Д.Сахаров, ки бо сиёсатҳои шўравӣ созгор набуданд, мақолаҳо навиштааст.
Осори Гончар бо забони бисёре аз мардуми ҷаҳон тарҷума шудаанд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978), дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1982), Депутати Шўрои Олии ИҶШС (даъватҳои 6-10), раиси садорати ИН Украина, яке аз котибони садорати ИН ИҶШС (1959-71).
Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
14 июли соли 1995 дар шаҳри Киев даргузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 420.
Аз Олес Гончар ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро хона метавонед:
Гончар, О. Перекол. – Душанбе: Адиб, 1989. – 496 с.
Гончар, О. Собор: Роман. – Москва: Советская писатель, 1988. – 272 с.
Гончар, О. Знаменосцы: Роман. – Кишинев: Лумина. – 1985. – 560 с.
Гончар, О. Одам ва яроқ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 480 с.
Ғалла: Ҳикоя // Шарқи Сурх. – 1954. – №5. – С.53-61.
Усмон ва Марта: Ҳикояи тўпчӣ / Тарҷимаи И. Қосимов // Маориф ва маданият. – 1961. – 10 октябр.
Роҳи кўҳӣ: Ҳикоя / Тарҷимаи И. Қосимов // Шарқи Сурх. – 1967. – №8. – С.108-114.
Раъди бе барқ: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷимаи Мустафо Шарқӣ // Ҳақиқати Узбекистон. – 1965. – 19 май.
Роҳи кўҳӣ: Порча аз ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1974. – 20 апрел.
Дар бораи адаб
Гудзенко, С. Пеш аз ҳуҷум: Шеър / Тарҷимаи А. Шарифӣ // Маориф ва маданият. – 1960. – 8 октябр.
Гриценко, Т. Дар шикор: Аз дафтари хотираи сайёд / Аз русӣ тарҷимаи М. Ҳакимов // Пионери Тоҷикистон. – 1961. – 7 сентябр.
Грибенко, З. Профессор: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷимаи О. Ерасинов // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 10 сентябр.
Мирзо, И. Олес Гончар: Дар бораи нависандаи Украин Олес Гончар // Маориф ва маданият. – 1961. – 5 октябр.
Гуиало, Е. Дасти дўст: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1983. – 8 ноябр.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ