Ёде аз Атахон Сайфуллоев

Аз даргузашти олими маъруф, нависандаи шинохта ва пажуҳишгари пуркор Атахон Сайфуллоев бештар аз як сол гузашт.  Ва агар зинда мебуд, ин шабу рӯз ба 85 қадам мегузошт. Атахон Сайфуллоев аз ҷумла олимони машҳури кишвар буд ва ҳарчан муддате  сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд.

Атахон Сайфуллоев  1 – уми майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1954 Донишкадаи педагогии ба номи Кирови Хуҷанд ва соли 1958 аспирантураи Донишкадаи педагогии Душанберо хатм кардааст.Солҳои 1959-1965 корманди Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон будааст. Аз соли 1965 то 1968 мудири кафедраи адабиёти тоҷик дар Донишкадаи педагогии Ленинобод, солҳои 1968-1973 котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои 1973-1985 сармуҳаррири Саридораи Энсиклопедияи советии тоҷик буд. Аз соли 1985 то ё989 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик кор кард ва соли 1989 мудири Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон таъйин шуд.
Атахон Сайфуллоев кори сиёсӣ ҳам кардааст. Муддате  мудири шӯъбаи иделогии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд ва соли 1991 Раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин гардид. Соли 1992 аз ин мақом барканор шуд ва аз Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргашт. То охирин лаҳзаҳои умраш дар Хуҷанд монд, дар Донишгоҳ дарс медод ва дар шуъбаи Иттифоқи нависандагони вилоят кор мекард.

Доктори илм ва профессор буда, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,   Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, бо ифтихорномахои Раёсати ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои “Шараф”, “Дустӣ”, медали тиллои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ғайра мукофотонида шудааст.

Аз Атахон Сайфуллоев мероси гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ мондааст. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ:

«Тафаккур ва образ» (1968),
«Мактаби Айнӣ» (1978), 
«Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004),
«Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 1–1984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), 
«Аркони сухан» (1985), 
«Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол» (ҳамроҳи С.Абдуллоев), 
«Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998), 
«Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), 
«Фурӯғи маънавият» (2003), 
«Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003),
«Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» (2003), 
«Ҳаким Карим» (2005), 
«Уфуқҳои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта – дар се муҷаллад, Хуҷанд, 2013) 
«Ҷону ҷаҳони наср» (2009), дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад» (2007),
«Паямбари ишқ» (2012), (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ), 
"Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX» (ҳамроҳи Осим Каримов, 2011) 
«Оинаи барқади сухан» (2013)

Дар Китобхонаи миллӣ аз Атахон Сайфуллоев ва дар бораи ӯ ин матолиб қобили дарёфт аст:

Мактаби Айнӣ. Душанбе: Ирфон, 1978. – 350 с.

Шаби бехобӣ. Душанбе: Адиб, 2003. 208 с.

Мирзо Турсунзода. Хуҷанд, 2004. 433 с.

Насри шоиронаи Гулназар. Хуҷанд: Р. Ҷалил, 2005. 128 с.

Уфуқҳои тозаи наср. Душанбе: Адиб, 2006. 768 с.

Ҷону ҷаҳони наср. Душанбе: Ирфон, 2007. – 542 с.

Назарияи умумии омор. Душанбе, 2013. 184 с.

Садбарги адабиёт ва ҳунар: Маҷмўаи мақолаҳо. Хуҷанд: Нури маърифат, 2013. – 392 с.

Заҳматкаши майдони наср: Аз эҷодиёти нависанда Мутеулло Наҷмиддинов // Тоҷикистони советӣ. 1987. 27 сентябр.

Шўълаи шарафафшони инқилоб: Бахшида ба 110-солагии С. Айнӣ// Тоҷикистони советӣ. 1988. 15 апрел.

Адиб ва мутафаккири бузург: Ба муносибати 110-солагии зодрўзи С. Айнӣ// Комсомоли Тоҷикистон. 1988. – №4. С. 90-96.

Меваҳои дўстӣ: Оид ба эҷодиёти нависанда Аскари Ҳилолиён // Ҳақиқати Ленинобод. 1993. 8 апрел.

Суруди зафар: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. 1996. – 8 май.

Баҳои зиндагӣ; Ба ватандор; Ало, эй ҳамватан!; Ба ҷононаи Хатлонӣ: Шеърҳо // Паёми андоз. 2001. 16 март.

Дарёи ҳақ: Достони назмӣ// Садои мардум. 2003. 28 август.

Дар бораи олим

Табрикоти Раёсати Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва аҳли “Адабиёт ва санъат”  ба олими маъруф, адабиётшинос Атахон Сайфуллоев ба муносибати 60-солагии зодрўзаш // Адабиёт ва санъат. 1993. 6 май.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бо ордени “Шараф” сарфарозгардонидани Сайфуллоев Атахон Сайфуллоевич // Садои мардум. 1998. 18 сентябр.

Аъзамзод, С. Нақиди ҷўёву пуркор: Аз эҷодиёти адабиётшинос, шоир тарҷумони шинохта Атахон Сайфуллоев // Адабиёт ва санъат. 2013. 25 июл.

Аъзамзод, С. Асари сазовори қадрдонӣ: Нашри аввали рисолаи адабиётшинос , рофессор Атахон Сайфуллоев “Уфуқҳои тозаи наср” соли 2006 дар нашриёти “Адиб” сурат гирифт // Ҷумҳурият. – 2014. – 6 июн.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014 №512 ш. Душанбе:  Дар бораи сарфароз гардонидан бо ҷоизаҳои давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣдар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣва журналистика  дар соли 2014 ба Сайфуллоев Атахон-доктори илмҳои филолгӣ, барои рисолаи “Уфуқҳои тозаи наср” // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 7 август.

Саидов, С. Ибрати қаламкаш: Ёде аз адабиётшинос, олими шинохта, профессор Атахон Сайфуллоев // Адабиёт ва санъат. 2017. 3 август.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ