Дар остона ва рӯзи ҷаҳонии бонувон хоставу нохоста исми касоне ба забон меояд, ки барои миллат хидматҳои шоиста кардаанд ва мекунанд. Инҳо бонувони ҳунар, фарҳанг, адабиёт, илм ва майдони кору заҳмат мебошанд, ки тӯли умр талош кардаанд барои ин миллат заҳмат кашанд ва дар баробари ин аз худ номи нек боқӣ гузоранд.
Исми бонувони маъруф зиёд аст ва наметавон дар як матлаби кутоҳ ҳамаи онҳоро ном бурд. Мо танҳо дар як нишаст касонеро номнавис кардем, ки худ медонистем ва боз медонем, ки дар бораи онҳо ва ё аз эҷодашон дар Китобхонаи миллӣ китобеву китобҳое ҳастанд. Ва медонем, ки хонадагон метавонанд мақолаҳои онҳоро аз бойгонии Китобхона пайдо ва бихонанд ва ё дар бораашон бидонанд.
Гумон мекунем ин як рӯйхати саросема омодашудаест ва онро хонандаҳои мо аз тариқи саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук пурра мекунанд.
Китобҳо дар бораи зан-модар, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд доранд:
Таҳияи Наргис Валиева,
Ҳусния Назарова
Бибикубрия Қурбонова
кормандони шуъбаи
библиографияи миллӣ