Яке хуршед тобад бар сари мо...

Шоир, тарҷумон, нависанда, публистист...Оре, Бобо Ҳоҷӣ адиби ҳамакора буд. Очерку публистистика ҳам менавишту шеъру ғазалу тарона ҳам. Ва дӯст медошт барои бачаҳо зиёд нависад. Аз зумраи адибони муваффақи кӯдакнавис ҳам буд. Шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам гуфтааст, адибони машҳурро тарҷума ҳам кардааст.

Бобо Ҳоҷӣ шоири тоҷик 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рўзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор мекард.

Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳо барои бачагон «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1961), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Гурбаи гелосбон» (1971), «Садарайҳон» (1980) ва ғайра мебошад.

Ашъораш дар маҷмўаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Изҳори муҳаббат»(1962), «Гули Хуршед» (1974), «Нони ҳалол» (1978), «Осиёи чашма» (1984), «Паймона» (1986), «Дурри ятим» (1988), «Ашки булбул» (1990), «Пешдаргирон» (1998) ва ғайра чоп шудаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст.

Шеърҳои ба русӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Признание в любви» (1970) ва «Честный хлеб» (1987) интишор ёфтаанд.

Иддае аз офаридаҳояш ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 нашриёти «Маориф»-и Ашқобод китоби шеърҳои «Чаманҳои Помир»-и ўро ба забони туркманӣ чоп кардааст.

Осори алоҳидаи Н. Некрасов, С. Есенин, Абай, Л. Украинка, Зулфия, А. Сурков, Г. Абашидзе, С. Михалков, М. Исаковский, қиссаҳои А. Загребалний «Водии хобҳои дароз», Ш. Бейшеналиев «Баррачаи шохдор», В. Гавф «Муки майдаҳак»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи эпоси ҳиндии «Рамаяна» низ ба қалами ў тааллуқ дорад.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон  (1988)  мебошад.

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ қадр карда шудааст.

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

12 апрели соли 2016 аз олам чашм пўшид.

Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С.280.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Бобо Ҳоҷӣ ва дар бораи ӯ ин асарҳоро бихонед:

 

Ба пионери коинот: Маҷмўа. – Душанбе: Нашрдавтоҷик, 1962. – 54 с.

Садарайҳон: Шеър, тарона, ҳаҷвияҳо. – Душанбе: Маориф, 1980. – 112 с.

Ҳамдами пиру ҷавон: Дар бораи Ҳамдам Ҷўра // Меҳри Ватан. – Душанбе, 1981. – С.5-6.

 Осиёи чашма: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 160 с.

Паймона: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 240 с.

Дурри ятим: Маҷмўи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 336 с.

Дар вақти гули лимў: Очерк // Тоҷикистон. – 1962. – №6. – С.20-21.

Конкурс: Масал // Хорпуштак. – 1965. – №5. – С.4.

Таъна мазан: Масал // Хорпуштак. – 1972. – №8. – С.7.

Ҳикояти соҳибдилон: Дар бораи СуҳайлӣҶавҳаризода // Маориф ва маданият. – 1980. – 10 июл.

Ҳасрат бишуд ин орзу: Дар бораи Файзулло Ансорӣ// Садои Шарқ. – 1981. – №3. – С.129-132.

Сухан лашкаркаши нерўи инсонист: Барандаи дарси ҳаёт шоир Бобо Ҳоҷӣ// Газетаи муаллимон. – 1983. – 29 октябр.

Гарм шуд бозор; Хатар афтод ба ҷонҳо; Ғазали ёр; Дар маҷлиси баҳор; Намеғунҷад; Зинда бош, эй дил: Ғазалиёт // Тоҷикистон. – 1993. – №5-6. – С.16.

Нақизаҳо: Шеърҳои ҳаҷвӣ// Адабиёт ва санъат. – 2009. – 19 март.

Ашки шодӣ; Оташи Суғд; Подоши амал; Кори хайр; Оинаи хаёл;

Чароғафрўз: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 27 август.

Шоир, тарҷумон, агитатор: Дар бораи шоири машҳури Тоҷикистон

Дарё шавед: Шеър // Омўзгор. – 2015. – 3 апрел.

Тарҷумаҳо

Кедрин, Д. Қахвахона; Ҷиҳоз: Шеърҳо / Тарҷумаи Б. Ҳоҷӣ// Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.51-52.

Назармат. Деҳаи Нав; Соҳили Сир – соҳили нур: Шеърҳо / Тарҷумаи Б. Ҳоҷӣ// Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.215-218.

Воҳидов, Э. Эй дўст: Шеър / Тарҷумаи Б. Ҳоҷӣ// Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.221.

Тоҳир, С. Дар сари қабри Низомӣ: Шеър / Тарҷумаи Б. Ҳоҷӣ// Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.284.

Ҷумъақулова, Т. Гуфтугў бо Хайём: Шеър / Тарҷумаи Б. Ҳоҷӣ// Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.402-403.

Дар бораи адиб

Шушкевич, С.  Яке хуршед тобад бар сари мо: Шеър ба шоири тоҷик Бобо Ҳоҷӣ/ Тарҷумаи Мўҳтарам // Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С.176-177.

Келдиев, Г. Дар хидмати сухан: Ба муносибати 60-солагии рўзи таваллуди шоир Б. Ҳоҷӣ// Адабиёт ва санъат. – 1988. – 28 апрел.

Кўҳзод. «Шукр гўям бар лаби нони Ватан»: Шоир Бобо Ҳоҷӣ 75-сола шуд // Ҷумҳурият. – 2003. – 1 май.

Аҳмад, К. Наберагон ҳамсўҳбати мананд…: Аз ҳаёт ва фаъолияти шоири тавоно Бобо Ҳоҷӣ// Тоҷикистон. – 2011. – 24 ноябр.

Бобо Ҳоҷӣ аз дунё даргузашт: Ёде аз шоири бачагон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии маориф Бобо Ҳоҷӣ// Миллат. – 2016. – 13 апрел.

Таҳияи Истампулод Ормонов

мутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ