Бирафтам аз ватани чашми ту, ки ҷоям нест ...

Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов) аз шоирони навгӯ, тасвиргарост. Бештар шеъри нав мегӯяд, пайрави аз Суҳроби Сипеҳрӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Меҳди Ахавони Солис, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор дорад. Ҳанӯз солҳои 80 ва 90-и асри гузашта миёни ҷавонон бо шеърҳои хубу дилкаш маъруфият пайдо карда буд. Дилбастагӣ ба театр дорад ва як асари драмавии ӯро театри Қурғонтеппа ба саҳна гузошта буд.

Сиёвуш 20 июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1985 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корманди маркази вилоятии омўзиши фарҳанги мардум (Қурғонтеппа), ёвари таҳиягари театри мусиқию  мазҳакавии Қурғонтеппа будааст.
Аз соли 1985 шеърҳояш чоп мешаванд. Муаллифи маҷмўаи «Чашмаи савоб» (1990) мебошад. Силсилаи шеърҳояш дар матбуоти Эрон низ ба табъ расидаанд.
Театри мусиқии мазҳакавии Қурғонтеппа соли 1990 дроми ўро бо номи «Фариштаҳо» ба саҳна гузоштааст. Аз соли 1991 узви ИН аст.
Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон кору фаъолият дорад. Шеърҳояш дар нашрияҳои кишвар пайваста чоп мешаванд.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2002. – 735 с.

Муаллиф Гулназар.

Дар Китобхонаи миллӣ аз ашъори  Сиёвуш ин матлаб дастрас аст:

Сиёвуш. Ба ҷои видоъ: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 6 июн.
Сиёвуш. Ҳусни оғозам туӣ…: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 19 сентябр.
Сиёвуш. Чаманро мубарро дигар ҳис кунам, Ватанро дубора муқаддас кунам: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 4 декабр.
Сиёвуш. Эй дарё: Шеър // Садои Шарқ. – 1988. – №9. – С.26.
Сиёвуш. Сурўше аз мазори Лоҳутӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 ноябр.
Сиёвуш.  Кошки бо гузашти умри азиз: Шеър // Ба пеш. – 1991. – 29 июн.
Сиёвуш. Хати сиёҳ: Шеър // Овози тоҷик. – 1992. – 8 сентябр.
Сиёвуш. Дар лабам оҳанги озодӣ: Шеър // Садои Шарқ. – 1992. – №2. – С.79-84.
Сиёвуш. Чунон дар ҷони худ ҷо додам пойизи меҳанро…: Ғазалҳо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 24 сентябр.
Сиёвуш. Биё, ба роҳ биё; На ба шиква; Водии маҷнун; Мазҳаб, авҷи ово; Ҳамин дорам: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 2011. – №2. – С.9-14.
Сиёвуш. Омадан дар сапеда; Омадан зебост; Зиндагӣ зебост; Бозгашти парандаҳои сапед; Дар интихоби шаб; Имтизоҷи ғам: Шеърҳо // Истиқбол. – 2014. – №10-12. – С.34-37.
Сиёвуш. Охир сухане!: Лабханди ғам; Марги ғазал: Шеърҳо // Нигоҳ. – 2015. – 20 май.
Сиёвуш. Рафтан; Охирин шеър; Ғазали Ялдо; Манзара: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 13 август.

Ин чанд шеър аз ӯст:

ҒАЗАЛИ СУҲРОБИ ХУНШОР

Шаб шунидам аз насиме бӯйи дидори туро,
Рафтам аз худ бар тамошо ёди гулзори туро.

Сад чаман гул кардам андар сина аз доғи фироқ,
Ин қадар дар худ шукуфтам ишқи хунбори туро.

Ёи ту дар ҷони ман чун тир дар пойи шикор
Дар ба дар бурдам ба дил озарму озори туро.

Бо дили поки манат бегонагӣ аз ҳад гузашт,
Ошно шав як шабе қалби гунаҳкори туро.

Ҳар қадар пайванд ҷустам, он қадар бубридаӣ,
Хуш ҷазое медиҳӣ ёри сазовори туро!

Ҳеч кас нашнохт чун санги сари раҳ нози ишқ,
Пову сар бӯсид Мансури сари дори туро.

Нӯшдору хостам, гуфтӣ, ки "Ин таъҷил чист?
Гӯ намирад! Мерасам Суҳроби хуншори туро!"

Ман, ки таъҷиле надорам, ин аҷал, оҳ ин аҷул,
Мерасад барвақт бар сарвақт афгори туро.

Зиндагӣ не васл буду не ҷудоӣ, баъд чист?
Офият ояд зи бӯйи марг бемори туро.

НА ЧАМИДАН, НА РАМИДАН

Хуннисори ғами моро ба чамидан нарамидӣ,
Ғамбаҳори дили моро ба рамидан начамидӣ.

Умр бигзашт ба як мижжа задан, оҳ, чу оҳу
Ту ба саҳрои дили мо ба раҳидан надавидӣ.

Ман барои ту зи хуни дили худ дашт шукуфтам,
Эй ғизоле, ки ғазалзори диламро начаридӣ.

Ҳарфи ишқу нигаҳи гарму сарафшонии ошиқ,
Чӣ шуд, эй ҷон, ки нагуфтиву накардию надидӣ?

Дигар аз тавба фурӯ гир гиребони надомат,
Ту, ки домони ҷунуне ба дили мо надаридӣ.

Рӯзи маҳшар чӣ бигӯӣ, чу зи домон-т бигиранд,
Нами ашке ба сари хоки шаҳидон начакидӣ.

ҒАЗАЛЕ ДАР ТАФСИРИ ҚОНУНИ

КӮҲИСТОН

Ноошное рафта буд аз мову дигар ошно баргашт,
Як бевафое рафта буд он рӯзу инак бар вафо баргашт.

Лайлои мо девона шуд, Маҷнуни маҳзунро муборак бод,
Аз моварои қиссаҳои куҳна бар нав моҷаро баргашт!

Нафрини сангини шумо бар кӯҳсорон ин, ки коре нест,
Қонуни кӯҳистон бувад - акси садо ҳам  бар шумо баргашт.

Аммо кӯҳистон аст! Оре! Ҳимматаш кавнайнро кофист -
Бар он кавиристони рӯҳу ҷонатон боди сабо баргашт.

Дашном фармудеду ҳар шохи дарахте боли сабзе шуд,
Гул кард, бор овард, бар хони шумо ҳамчун дуо баргашт.

Он рафтаҳо барбодҳо, фарёдҳо бар ёд боз омад,
Сидқу сафо, ишқу вафо, эҳсону хайроту сахо баргашт.

…Вақт аст бо он дӯстони рафта бо таъҷил пайвандам,
З-он корвони рафтаам бар гӯши ҷон бонги диро баргашт…

Эй сарнишинон, ҷуз таваккул бар Худо роҳи наҷоте нест,
К-ин нохудои киштии бишкастаи мо аз Худо баргашт.

Рафтанд шогирдон ҳама дигар ба мулки духтари тарсо,
Аз хукбонӣ, шукри кам дорад, ки ин шайхи шумо баргашт.

Ноошное рафта буд аз мову дигар ошно баргашт,
Як бевафое рафта буд он рӯзу инак бар вафо баргашт.

Лайло бигӯ девона шав! Маҷнуни маҳзунро муборак гӯ,
Он қиссаҳои куҳнаи фарсуда бар нав моҷаро баргашт!

* * *

Наёмадӣ, ки дар оғӯши ту баҳор кунам,
Ба ин хазон, ки зи раҳ мерасад, чӣ кор кунам?

На оҳуи нигаҳат, не ғизоли абрӯят,
Магар нишинаму ёди туро шикор кунам.

Бубахш гар ба сазои қадам-т ҳеҷам нест,
Ҳамин хаёли туро дар раҳат нисор кунам.

Туро надидану мурдан ва ё бидидану мурд,
Аз ин ду ҷабр надонам чи ихтиёр кунам.

Ба ёди чашми ту минои дил ба санг занам,
Бад-ин шикаст магар рафъи ин хумор кунам.

Ба чашми ман бинигар, бин, ки бо кӣ ман тарафам,
Бубин, ки бо кӣ туро рӯ ба рӯ дучор кунам!

Нуҳуфта рози туро, к-аз ту ҳам ниҳон дорӣ,
Ба пеши мардуми чашми ту ошкор кунам.

Дареғи дафтари дил, барг-барг рафт ба бод,
Наёмадӣ, ки дар оғӯши ту баҳор кунам.

ҒАЗАЛИ ҒАРИБ

Дар ин диёри ғарибӣ, дар ин баҳори ғариб
Зи хуни хеш шукуфт ин баҳорзори ғариб.

Бирафтам аз ватани чашми ту, ки ҷоям нест,
Зи ёди рӯйи ту пур буд кӯлабори ғариб.

Манам, ки шона накардам зи бори ғам холӣ,
Вале чи гӯямат аз вазни дӯшбори ғариб.

Надидӣ, оҳ надидӣ, чӣ гун ба гуна чакид
Хамӯшу сар ба замин ашки хору зори ғариб.

Чӣ ашк! Ҳасрати танҳоии ҳазорон сол,
Зи умри кӯтаҳи чун барқ ёдгори ғариб.

Миёни мардуми чашмони мардуме хушбахт,
Касе надид бар он нури раҳгузори ғариб.

Ба хоки ташна чакид он таронаи борон,
Ба барги гул нарасид оби хушгувори ғариб.

Ба зери санги маломат ба хуни худ оғушт
Расули Лолаи Озурда дар диёри ғариб.

Бирафт шеду дар он шоми пуршукӯҳ шикаст,
Чи шаҳсувори ғарибе дар он Ғубори Ғариб…

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ