Маҳфили “Дастони моҳир” ва ҷашни Сада
Нашр шуд 2021-01-29 14:19
Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” хонандгони фаъоли Шуъбаи кӯдакн ва наврасони Китобхонаи миллӣ тасаввуроти худро дар бораи ҷашни қадимии ниёгон “Сада” рӯи коғаз оварданд. Дар ин маҳфил яке аз суннатҳои ин ҷашнвора “Гулханафрӯзӣ” амалан татбиқ шуд, то хонандагон тасаввуроти комил дар ин бора дошта бошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар кишвари мо солҳои тўлонӣ ба оини иди Сада аҳамият намедоданд. Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳо оташафрўхтанро ва ҳамчун нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпариҳо дар шомгоҳи рўзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва чароғмониҳо дар мазористону ҳангоми мушкилкушокунӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Аммо ҳамаи ин, анъанаҳои хурофотиянд, ки аксари онҳо бо иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз он иди кўҳан нишонаанд.
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
(Унсурӣ)
Чаро гулхан меафрӯзанд?
Мураббӣ ба хонандагон дар ин бора як қиссаи муфассал аз замони Ҳушанг-подшоҳи эрониёни бостонро ҳикоят кард. Тибқи он «Рўзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш паи шикор ба кўҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандае сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фавора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сўи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».
Дар поёни ин нақл муаллима тарзи омода намудани «Гулхан»-ро ба онҳо нишон дод. Сипас хонандагон бо як шавқу ҳаваси зиёде расми «Гулхан»-ро аз маводҳои коселиарӣ омода намуданд.
Имрўз, ки ҷашни Сада қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ- муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида (дар қатори обу хоку бод) ин иди бузург қайд карда шавад. Ба ҷавонон бо далелҳои илмӣ бояд фаҳмонем, ки аз бархурдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон даври қадим дар шоҳидии Ҳушанг бо туфайли ба сӯи мор санг андохтани ў барои инсоният онро офаридааст.
Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.