Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”Аҳмадҷон – Маҳдум Ҳамдии Бухороӣ

( Таваллуд – дар соли 1292 ҳиҷрӣ, алъон дар қайди ҳаёт аст)

Эй меҳрлиқои моҳпайкар,

Эй сарви сиҳиқади суманбар

Эй ғайрати маҳвашони Фархор,

Эй рашки паривашони Қашқар,

Чашмони ту ҳаст кони бодом,

Дандони ту ҳаст кони гавҳар.

Гавҳар бошад вале дурахшон,

Бодом бувад, вале муқашшар,

Соф аст танат зи оби Масчо,

Сахт аст дилат зи кўҳи Фалғар.

Тафсири рухат фазои Санъо,

Таъбири лабат шароби Хуллар.

Ҳамшираи моҳи осмонӣ,

Ё меҳри фалак турост хоҳар.

Рўят ба маризи ишқ духтур,

Мўят ба арўс мушки духтар.

Ҳам лашкари нозро ту сардор,

Ҳам аскари ҳуснро афитсар.

Рамзе зи лаби ту як вагон қанд,

Ҳарфе зи ту як сарой шаккар.

Чашмони ту искалоди вино,

Зулфони ту фибрикони анбар

Ҳафтод карат барат гарав бурд

Аз докаи шастучор ламбар.

Бо қомати туст сарв камқад,

Аз мўи миёни туст камбар.

Абрў ба ҳилол нури чашме,

Чашме ба ғизоли Чин бародар.

Ҳамдӣ, дилу ҷони худ салав кун

Бо ёри ба ҷону дил баробар.

Рўзе фақир ба суроғи Ҳамдӣ ба хонааш рафтам, ки дарди миён гирифтор шуда, дар хонаи дарун бистари беморӣ афтода будааст. Чунба мулоқотам баромада натавонист, ин қитъаро мушъир бар чигунагии ҳолаш бадеҳатан иншод карда фиристод.

                               Қитъа

Нест дармонаму дармонаму дармонам аз ин

Дарди якбора, ки моро ба миён афтодаст.

Ку маро қуввату дармон, ки бароям берун,

Дилам аз заъф ба дарди хафақон афтодаст,

Чист дармон, ки кунад чораи дардам  имрўз

Аз чунин дард, ки якбора ба ҷон афтодаст ?

Ман, ки дере шуда, дармондаи дарде будам,

Тоза ин дард, рафиқо ба миён афтодаст.

Аҳмадҷон – маҳдуми Ҳамдӣ аз куҳансолони инқилобчиёни Бухоро ва аз ҷумлаи раҳбарони эшон аст. Шеърҳои инқилобӣ низ иншод карда, ки дар қисми савуми маҷмўа дарҷ хоҳад шуд.

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.

Таҳияи Сайрон Сафарова