361 сол пеш аз, дақиқан рӯзи 30 августи соли шоир, насрнавис, мутарҷим, донишманд ва подшоҳи Ҳиндустон, писари бузурги Шоҳҷаҳон Дорошукўҳ ба қатл расид. Дар китобҳои «Сафинату – л – авлиё» ва «Сакинату – л – авлиё» Дорошукўҳ оид ба таърихи ислому тасаввуф, интишори ҷараёнҳои гуногуни тасаввуфӣ дар Ҳиндустон, намояндагони онҳо ва асосҳои фалсафии силсилаи қодирия маълумот додааст. Дар ин асарҳо дар бораи зиндагиву осори бисёре аз шоирону донишмандони форсизабони Ҳиндустон, ки ба ҷараёнҳои тасаввуфӣ гаравида буданд, ахбори муҳим дарҷ гардидааст. Дар асарҳои «Ҳасаноту – л – орифин», «Тариқату – л – ҳақиқат», «Рисолаи ҳақнамо»,