Субҳи имрӯз ҳунарманди маъруф, яке аз шаҳсутунҳои театр ва синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов дар синни 84 - солагӣ, дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш дар Фейсбук хабар доданд. Ҳабибулло Абдураззоқов бидуни шак як чеҳраи мондагори санъати театр ва кинои тоҷик аст, ки муддати бештар аз 60 соли охир бо офаридани чеҳраҳои зиёд миёни мардум маъруфияти хос дошт. Хонаи охирати ҳунарм анди нотакрор обод бошад.
Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи Москва факултети актёриро хатм кардааст. Соли 1964 курси олии режиссёрии
Таъриху тамаддуни аҷдодони худро надониста, имрўзу ояндаро бунёд карда наметавонем. Таърих борҳо исбот намудааст, ки тоҷикон таърихи бойю пурғановат доранд. Ин арзишҳоро дар Китоби «Тоҷикон» мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров исбот намудааст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз давраи ҷамияти ибтидоӣ то ба Россия подшоҳӣ ҳамроҳшавии тоҷиконро ба таври возеҳ, баён менамояд. Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» соли 2008 дар 870 саҳифа дар ду ҷилд чоп гардид. Чунончӣ, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад:
"Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба