Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ 60 номгўйи пиесаҳо, ки дар маҷмўъ 101 нусхаро ташкил медиҳанд, ворид шуд. Ин пиесаҳо бо кумаки Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ворид шуданд. Акнун хонандагони шуъба имкон доранд он чи пештар дархост мекарданд, вале пайдо набуд, мутолиа кунанд.
Хонандагон имкон доранд бо пиесаҳои мазҳакаи дупардагии «Муаллими рақс» - и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ «Қумрӣ шишту Шоҳин парид», драмаи дупардагии Иброҳим Усмонов «Даҳ рўзи генерал Шерак», мазҳакаи дупардагии Абдувадут Файзиев «Фарёди
Дар ин асари воқеан бунёдӣ, муаллиф ба рушди бемайлони омўзиши таъриху фарҳанги аҳди сомониён дар таърихнигории миллии замони истиқлолияти комил диққати махсус дода, дастовардҳои илмӣ ва дурнамои омўзиши масъаларо пешниҳод кардааст. Дар ин замина муҳаққиқ бо далелҳои муътамаду раднопазир кўшиши ақидаи беасоси ононе, ки бо ғараз мақоми меҳварии сокинони азалии Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ҷойгоҳи давлати Сомониёнро дар тамаддуни Шарқ зери шубҳа гирифтанӣ мешаванд, комилан ботил намудааст.
Дар муаррифи китоб омадааст, ки “Рисолае, ки акнун ба
Аз эҷодиёти бадеии Шарқӣ Қадим то даврони мо қисми ночиз (варақаҳои пораканда) омада расидааст, ки он таърихи беш аз ҳазорсоларо тай намуда, қисми асосии он нобуд гаштааст. Ҳар он чизе, ки боқӣ мондааст аз дараҷаи баланди илму маърифат ва доираи васеи паҳнгардии хонишу дониши он замон гувоҳӣ медиҳад.
Оид ба фаъолияти китобдории Шарқи Қадим шарқшиносон маълумотҳои тоза додаанд. Мисршиноси фаронсавӣ Э. де Руже дар шаҳри қадимаи Гиз қабри вазифадори бузурги намояндаи сулолаи IV- и(солҳои 2930-2750 – и пеш аз милод) Шепсескафанхаро дарёфт намуд, ки дар навиштаҷоти болои
Китоби “Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ”, ки чун барномаи таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ соли 2015 таҳия шудааст, метавонад дастур барои донишҷӯёне бошад, ки дар факултетҳои китобшиносӣ таҳсил мекунанд. Китобро Шариф Комилзода зери назари профессор Сайфиддин Назарзода таҳия кардааст. Чанд иқтибос аз он:
Низоми хадамот дар Китобхона
Қоидаҳои истифодабарии Китобхона. Тартиби бақайдгирӣ дар Китобхона. Намудҳои асосии хадамот.
Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон. Хонаи охираташ ободу рӯҳаш шод