МУАРРИФӢ: Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ
Нашр шуд 2021-01-21 14:36
Китоби “Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ”, ки чун барномаи таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ соли 2015 таҳия шудааст, метавонад дастур барои донишҷӯёне бошад, ки дар факултетҳои китобшиносӣ таҳсил мекунанд. Китобро Шариф Комилзода зери назари профессор Сайфиддин Назарзода таҳия кардааст. Чанд иқтибос аз он:
Низоми хадамот дар Китобхона
Қоидаҳои истифодабарии Китобхона. Тартиби бақайдгирӣ дар Китобхона. Намудҳои асосии хадамот. Созмондиҳии хадамот дар бахшу шуъбаҳои Китобхона. Гурӯҳҳои асосӣ ва махсуси истифодабарандагони Китобхона ва ҳуқуқҳои онҳо. Созмондиҳии хадамоти ғоибона, сайёр ва маҷозӣ. Созмондиҳии хадамоти муздноки китобдорӣ. Истифодаи таҷҳизоти муосири техникӣ дар бахши бақайдгирии Шуъбаи хадамот. Вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бахши бақайдгирии Шуъбаи хадамот.
Созмондиҳии хадамоти китобдорӣ
Мақсад ва вазифаҳои асосии хадамоти китобдорӣ. Системи «Китобдор-хонанда» ҳамчун мабҳаси (объекти) фаъолияти хадамоти китобдорӣ. Ҳамкории китобдор ва хонанда ҳамчун субъекти хадамот дар раванди хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ. Созмондиҳии хадамоти инфиродӣ, гўрўҳӣ ва оммавӣ. Хадамоти хонандагон тавассути низоми АБК. Омўзиши рағбатҳои хониши хонандагон ва роҳбарӣ ба ин ҷараён. Тарбияи маданияти хониш. Ташаккули фарҳанги иттилоотӣ. Таҳлили самарабахшии хадамоти китобдорӣ. Вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Шуъбаи хадамот.
Хадамот дар толорҳои хониш
Созмондиҳии хадамот дар толорҳои хониш. Навъи толорҳои хониш: умумӣ, соҳавӣ ва махсусгардонидашуда. Дастёбии озод ба фонди китобии толорҳои хониш ва махсусияти ҷобаҷогузорӣ адабиёт дар фонд. Толори хониши адабиёти тиббӣ ва табиатшиносӣ. Толори хониш барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд. Толори хониш барои кудакону наврасон. Толори хониши манобеи электронӣ. Толори хониши маҷозӣ. Толори истифодаи мавади мусаббат. Баҳисобгирии диҳиши китоб дар толорҳои хониш.
Хадамоти маълумотӣ-библиографӣ
Мақсад, вазифа ва мазмуни хадамоти маълумотдиҳӣ-библиографӣ. Маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ. Давраҳои асосии иҷрои маълумотномаҳо: қабул ва омўзиши дархост, муайяннамоии манбаъҳои пажуҳишӣ, коркард, ороиш, пешниҳод, бақайдгирӣ. Ҳифзу нигоҳдорӣ, такмил ва истифодаи маълумотномаҳои иҷрошуда. Услуби иҷроиши маълумотномаҳои мавзуӣ, саҳеҳ, суроғадор ва далелшиносӣ. Иҷрои маълумотномаҳо тавассути Интернет.
Хадамоти иттилоотӣ-библиографӣ
Махсусият ва созмондиҳии низоми интихобан паҳннамоии иттилоот. Таҳияи бюллетенҳо ва руйхатҳои китобҳои тозанашри чопӣ ва электронӣ. Истифодаи маводи чопӣ ва электронии ВАО барои созмондии хадамоти иттилоотӣ-библиографӣ. Талаботҳои асосӣ ва услуби баргузории «Рўзи иттилоот», «Рўзи мутахассис».
Хадамоти тавсиявӣ-библиографӣ
Мақсад, вазифа ва мазмуни хадамоти тавсиявӣ-библиографӣ. Дастурҳои тавсиявӣ манбаи муҳими созмондиҳии хадамоти тавсиявӣ-библиографӣ ва аҳамияти онҳо дар тарғиби адабиёт ва роҳбарӣ ба ҷараёни хониши хонандагон. Намуд, шакл ва жанри дастурҳои тавсиявӣ-библиографӣ. Дастурҳои тавсиявӣ-библиографии чопӣ ва электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо дар раванди хадамоти тавсиявӣ-библиографӣ.
Таҳияи Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисос