Китоби нав. Хайрулло Амонулло. “Орзуи кӯдакӣ”

Ин китоб охири соли гузашта чоп шуда ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид. Муаллиф орзуҳои кӯдакии худро ба риштаи қалам кашидааст, ки бештар майлу ҳаваси мошинрониву мошинсаворӣ доштааст. Ва орзуҳои кӯдакии худро бо талошҳо ва омӯзишҳо амалӣ кардааст. Китоб сагузаштист ва хонандаро водор мекунад бихонад, то бидонад, ки муаллиф ба кадом роҳҳо ба орзуҳояш расидааст.

Хайрулло  Амонулло 10  августи  соли  1967 дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таваллуд  шудааст. Оиладор , соҳиби  5 фарзанд  мебошад.                                                                                                                                                                                                                    

Солҳои  1985- 1992  дар   факултаи  механикунонии  Институти  хоҷагии  қишлоқи  Тоҷикистон  (ҳозира  Донишгоҳи   Аграрии  Тоҷикистон) таҳсил кардааст, солҳои  1986-  1988 – хизмати  аскарӣ  дар сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Иттиҳоди  Шуравӣ хиз мат кардааст.

Солҳои  1992-1993 – челонгари  колхозӣ бо номи  Ленини ноҳияи Фархор, соли  1993- мутахассиси  пешбари   шуъбаи энергетикӣ  ва  механики  Заводи  ба номи  Орҷоникидзеи   шаҳри  Душанбе, солҳои  1993- 1998- сармеханик ва муовини сармуҳандиси корхонаи ба номи  Орҷоникидзе, мудати ду сол сармуҳандис ва шаш сол директори ҳамин корхона будааст.

Соли 2006 - муовини  сардори  Департаменти  Вазорати  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, солҳои 2006-2010 сардори  Раёсати  мошинсозӣ, саноати  мудофиа ва  химияи  Вазорати  энергетика ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, солҳои 2010-2014-Муовини вазири  энергетика  ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои  2014- 2015 муовини  раиси  вилояти  Суғд, солҳои 2015- 2019 раиси  шаҳри Кўлоб буд. Ҳоло муовини  якуми  Раиси  вилояти Хатлон мебошад.

Номзади  илмҳои техникӣ, узви   Маҷлиси миллии  Маҷлисӣ Олӣ ва  Аълочии  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда,  муаллифи  мақолаҳои  илмӣ  ва  китобҳои  «Васлнома»,  «Қатраи  ашки ғарибе», «Назокат», «Қасоси  мори  ошиқ», «Печутоби  зиндагӣ», Фоҷиаи ишқ» ва «Орзуи  кўдакӣ» мебошад.  

Меҳрангез    Муҳаббатова,

Маркази такмили ихтисос