Китобҳои тозавуруд: қисми дуюми романи Ато Мирхоҷа “Саройи Санг”
Нашр шуд 2019-12-16 13:35
Қисми дуюми романи таърихии адиби маъруф Ато Мирхоҷа «Саройи санг» аз чоп баромад, ки давраи солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дарбар мегирад. Дар ин замон Шуғнону Вахон хироҷгузори Бадахшон бошанд ҳам, амалан ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуданд. Бадахшон давлати мустақил ҳисоб шуда, ҳудуди ғарбии он то Тахористон доман паҳн мекунад. Таҳти пуштибонии англисҳо дар Кобул ҳукумати афғонҳо батадриҷ шакл гирифта, ба неруи муҳимми сиёсии минтақа табдил меёбад.
Муаллифи роман дар ин қисмат ба зиддиятҳои хурду камаҳамияти дохилӣ машғул гардида, аз авзои воқеии ҷаҳон бехабар мондани ҳокими Шуғнон ва талошҳои зоифонаи ўро барои нигоҳ доштани ҳукумати худ ба риштаи тасвир кашидааст.
Қисми аввали романи «Саройи Санг», ки аввалин асари калонҳаҷми насрии адиби маъруф Ато Мирхоҷа мебошад, соли гузашта нашр шуда буд. Ин як румони таърихиест аз сарнавишти мардуми Бадахшон, тасвири бадеии ҳаводиси пурпечутоб ва лаҳзаҳои фоҷеаборе, ки туркони ғосиб ба сари мардуми куҳистон оварда буданд. Пештар пора-пора аз ин таърих хондаем, аммо тасвири бадеии таърихи Бадахшонро шахсан банда бори аввал мехонам.
«Саройи Санг» будуни муболиға як асари хонданист ва бештар ба жанри таърихӣ-детективӣ шабоҳат дорад. Муаллиф рӯйдодҳоро тавре ба риштаи тасвир кашидааст, ки хонанда мехоҳад ҳарчи зудтар бидонад, ки акнун чӣ мешавад. Аз боб ба боби дигар тасвирҳо рангинтар ва шавқовартар мешаванд. Даҳшату ваҳшати шоҳони қатағанӣ, ки баъди Кундузи Афғонистон бахши азими Бадахшонро низ ишғол карда буданд, даҳҳо бор бадтару фоҷеабортар аз зулми амирони манғит аст.
Қисми аввали румон бо корномаи паҳлавон Ҷаҳонгир ба поён мерасад. Муаллиф талош кардааст, пеш аз хатми қисми аввал ба хонанда набераи ин паҳлавони ба нерӯ Рустами замон Мирзоазизро шиносонад. Бо марги Ҷаҳонгир як давраи томи корномаҳои бадахшониён дар муборизаашон зидди беадолатиҳои туркҳои қатаған ба поён мерасад. Муаллиф хонандаашро чашм ба роҳи бахши дуюми китоб кардааст.
Китобро шумо аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ метавонед дастрас намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова