Китоби нав: “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоил тамаддуни Осиёи Марказӣ”
Чунин ном дорад китоби наве, ки ахиран бо талоши Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст. Дар муаррифии китоб омада: Таҳқиқоти дастаҷамъии академӣ, ки манзури аҳли илм ва фарҳанг мешавад, ба ифтихори 100 – умин солрўзи донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, поягузори анҷумани тоҷикон ва форсигўёни ҷаҳон « Пайванда», аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои СССР, барандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, академик Муҳаммад Осимӣ (1920 – 1996) бахшида шудааст.
Барои нахуст чунин асари ҷомеи таҳқиқотӣ, ки дар он масоили таърихию назарии мерос, афкори иҷтибоию фалсафаӣ адабию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, саҳми ин донишманди фарзона бо диди нави таҳқиқию татбиқӣ ба қалам омадааст.
Таъкид ба ёдоварист, ки фаъолияти илмию идории бонизоми академии Муҳаммад Осимӣ ва саҳми ў дар таърихи илм ва фарҳанги садаи ХХ – садаи заррини илми академӣ муассир буда ва ин таҳаввулоти чашмрас бар пояи тозатарин аснод дар муқоиса ба навиштаҳои то имрўз рўи кор омада, ба риштаи таҳқиқ омадаанд. Зимни ин дар аксари навиштаҳои олимони ватанию хориҷӣ, ки дар ин асари ҷомеи академӣ ворид шудаанд, муҳимтарин масоили таърихию назарии тамаддуни мардумони Осиё Марказӣ қаламдод шудаанд.
Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Мавзуна Назарова, сармутахассиси Шуъбаи такмили ихтисос