Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ

 

 Дар китоби дарсии мазкур таҷрибаи кори иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои  байналхалқӣ дар мисоли фаъолияти хадамоти сиёсати хориҷӣ ба таври мухтасар ҷамъбандӣ ва низомбандӣ шудааст. Ҳангоми таҳияи китоб муаллифон ба дастовардҳои коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ такя намуда, аз мавод, хотирот ва ёддоштҳои дипломатҳо ва сиёсатмадорон ба таври васеъ истифода намудаанд.

 Китоби дарсӣ барои донишҷуён, магистрон, унвонҷўён, аспирантони мактабҳои  олӣ, ки дар самти ихтисосҳои «Муносибатҳои байналхалқӣ», «Минтақашиносӣ», ва «Сиёсатшиносӣ» таҳсил мекунанд, тавсия дода шудааст. Ҳамзамон, барои ҳамаи онҳое, ки ба технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти дипломатия ва сиёсати хориҷӣ мароқ зоҳир мекунанд, муфид хоҳад буд.

 Китобро аз кулли толорҳои хониш метавонед мутолиа намоед.

Фирӯза Маҳмадҷонова