Activities calendar

26 ноября 2019

Чун Насимӣ растагор аст аз фанову аз адам...

Саид  Имодаддин  Насимӣ  аввалин  касест,  ки  ба  забони  озарбойҷонӣ  девони  комилеро   ба  вуҷуд  оварда,  роҳи  ноҳамвори   каломи  манзумро    барои   ҳамзабонони   худ  тахту  ҳамвору  хушсалиқа  гардонид.  Аз  ин  ҷиҳат,  муҳаққиқини   ватаниву  хориҷӣ  Саид  Имодаддинро   яке  аз  поягузорону  саромадон  ва  сарсупурдагони  адабиёти   Озарбойҷон   пазирафтаанд.

 Китоби  мазкур  бо   амри  Президенти Ҷумҳурии  Озарбойҷон  ба  муносибати   650 – солагии  шоири  бузург  ва  мутафаккири  барҷаста   Имодаддини  Насимӣ  бо  ташаббус  ва  дастгрии  Сафорати  Ҷумҳурии  Озарбойҷон   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

 

Дар бораи Миралӣ Достиев чӣ медонем?

  Достиев овози форам ва маҳорати баланди эҷодӣ дорад. Дар операҳои тоҷикӣ ва классики ҷаҳонӣ беш аз 50 партия (нақш) иҷро кардааст: Марулло, Маркиз де Обри («Риголетто» ва «Травиата»-и Ҷ.Верди), Онегин, Елетский («Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамоишоқ»-и П.И.Чайковский), Дон Жуан («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно), Фигаро («Сартароши севилӣ»-и Ҷ.Россини), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов), Шоҳ Наср («Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ), Исмоил («Амир Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ), Наср («Рўдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов), Кумар(«Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ), Восеъ(«Фарёди дуриҳо»-и Т.Сатторов), Шоҳ («Қишлоқи тиллоӣ»и Д.Дўстмуҳаммадов) ва ғайра.

Доъиҳои донишвар

 Дар илму адаби форсӣ-тоҷикӣ чандин нафар бо ном ё тахаллуси Доъӣ эҷод кардаанд. Ин Доъиҳо дар гӯшаву канори қаламрави форснишин ҳаёт ба сар бурдаву асарҳои мондагори худро навиштаанд.  Дар матлаби зер бо истифода аз Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде аз ин Доъиҳоро бароятон ошно мекунем. 

               Доъии Андиҷонӣ

 Доъии Андиҷонӣ шоири тоҷики асри 16. Аз зодгоҳаш Андиҷон барои таҳсил ба Бухоро омада, дар мадрасаи Мири Араб таҳсил мекард. Дар сини камол оиладор шуд,