Чун Насимӣ растагор аст аз фанову аз адам...
Нашр шуд 2019-11-26 12:58
Саид Имодаддин Насимӣ аввалин касест, ки ба забони озарбойҷонӣ девони комилеро ба вуҷуд оварда, роҳи ноҳамвори каломи манзумро барои ҳамзабонони худ тахту ҳамвору хушсалиқа гардонид. Аз ин ҷиҳат, муҳаққиқини ватаниву хориҷӣ Саид Имодаддинро яке аз поягузорону саромадон ва сарсупурдагони адабиёти Озарбойҷон пазирафтаанд.
Китоби мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати 650 – солагии шоири бузург ва мутафаккири барҷаста Имодаддини Насимӣ бо ташаббус ва дастгрии Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардидааст. Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон дар сарсухане ба унвони “Шоири Озарбойҷоние, ки дар ҳошияи «олам» намеғунҷад” навиштааст: “Намояндагони аҳли қалам ва фарҳангофарони барҷастаи кохии назми асримиёнагии Озарбойҷон бо асарҳои нодиру нотакрорашон номи худро дар саҳифаи таъриф бо хати зарҳалӣ дарҷ намудаанд. Онҳо дар давраи муайяни таърихи инсоният бо осори гаронмоя дилҳои мухлисонашонро тасхир намудаанд.
Чунин арбобони барҷастае монанди Низомии Ганҷавӣ, Афзаллиддин Хоқонӣ, Маҳастии Ганҷавӣ, Ғозии Бурҳониддин, Имодаддин Насимӣ, Шоҳ Исмоил Хатоӣ, Муҳаммад Физулӣ бо шарофати хидматҳои назаррасашон дар таърихи санъати каломафарӣ, аз олами Шарқи асримиёнагӣ берун баромада, ситораҳои дурахшони санъати суханварии тамоми олам гаштаанд.
Мактабҳои адабӣ ва равияҳои махсусе, ки бо номи ин устодони сухан алоқаманд буданд, асарҳои зиёд ҷойҳои намоёнеро дар рушду нумўъи назми ҷаҳони туркзабонон ва мусалмонон ишғол менамуданд.
Миёни ин адибони бузурге, ки аз адабиёти Озарбойҷон вориди адабиёти ҷаҳонӣ гаштаанд, ҷои намоёнро Имодаддин Насимӣ ишғол менамояд. Имодаддин Насимӣ яке аз бунёдкорони бузурги ҷаҳони Шарқ шинохта шудааст. Насимӣ офарандаи машҳури адабиёти ҷараёни ҳуруфияи озарбойҷонист. Ў яке аз он устодони камёфтест, ки бо иродаи қавӣ ва ақидаи қатияш намунаи шахсияти комили адабиёти ҷаҳониро соҳиб буд. Насимӣ офарандаи мактаби бузурги адабист.
Саид Имодадин Насимӣ ( 1369 – 1417 ) адиб мутафаккири барҷастаи озарбоҷонӣ буд. Ў дар шаҳри Шашмоҳӣ, яке аз марказҳои таърихии илмию - маданиии Озарбойҷон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Овони кўдакӣ ва ҷавонии Насимӣ дар Шамоҳӣ гузашт. Ў дар мадрасаи маҳаллӣ дониши хубе аз худ намуда буд. Ҳанўз аввалин ашъори таълиф намудаи Насимӣ ба ў шуҳрати шоири ҷавону боистеъдодро овард.
Танҳо далели он, ки то ҳанўз халқи озарбойҷон ба зиётрати мақбараи бародари Насимӣ, Шоҳ Хандон, ки дар ҳолати хуб дар оромгоҳи Шамохӣ қарор дорад, мебиёянд, гувоҳи эҳтироми бепоён ба аҷдодони ин адиби бузург аст...”
Идом аи ин сарсухани пурмуҳтаво ва таҳлили осори бозмонда аз Наисмиро шумо метавонед аз китоби “Девони Насимӣ”, ки бо талоши академик Қурбон Восеъ ва профессор Рухшона Восиева рӯи чоп омадааст, бихонед.
Китобро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳед.
Меҳрангез Муҳаббатова