Китобҳои тозавуруд: “Қуттии почта”

 Чунин ном дорад китоби наве, ки ахи ран ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид ва муаллифи он адиби маъруфи Озарбойҷони қарни ХХ Ҷалил Мамедқулизода мебошад. Китоб бо талоши профессор Муҳаммадсалом Машғулов  ва сарсухани Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои  Озарбойҷон дар нашриёти “Эр-Граф” интишор ёфтааст.

 Хонандагони тоҷик  дар ин китоб намунаҳои  олии  эҷодиёти  классики  машҳури  адабиёти  озарбоҷони  асри XX,  нависанда  ва  драматург,  намояндаи  маъруфи  ҳақиқатнигории  интиқодӣ,  публисист,  муассиси  матбуоти  танзӣ, равшанкунандаи  афкори  омма ва  бедоркунандаи  мардуми  минтақа  аз ҷаҳолат, таъсисдиҳандаи  ҳаракати  маорифпарваронаи  мардуми  туркзабон  Ҷалил  Мамедқулизодаро метавонад мутолиа намояд. Ин  адиби  барҷаста  дар  нигоштаҳояш  торикӣ,  хурофот, ҷаҳл  ва  рукуди  иҷтимоиро  ба таври  танзомез  танқид  менамояд.

 Муалиф  зиндагии   мардуми   оддиро  тасвир   намуда,  ба  деҳқонони  мазлум   руй  меорад  ва  мубориза   бар  зидди  ҳама  чизе,  ки   намегузорад  ва   онҳо   озод  ва  бидуни  маҳрумият   зиндагӣ   намоянд  ва  муҷиби   таҳқири   онҳо   мешавад,  бармехезад  ва  ҳаммаи  онро  тариқи  танз  баён   менамояд.

 Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 Меҳрангез Муҳаббатова