“Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки охири соли гузашта чоп шуда буд, аслан як феҳристи библиографист. Тавре дар муаррифии он омада: “Феҳристи библиографии навбатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопии дар семоҳаи сеюми соли 2018 дар ҷумҳурӣ батабърасида маълумот медиҳад”.
Мақсади асосии он саривақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китобу ҷузва ва матбуоти даврии тозанашр мебошад. Солнома аз фаслҳо:
«Солномаи китобҳо»;
«Солномаи мақолаҳои маҷаллаҳо»;
«Солномаи мақолаҳои рўзномаҳо» иборат аст.
“Солнома...”-ро шумо метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос