Яке аз нишони розомезе, ки дар ҳунари гулдўзии минтақаи Кўлоб ё дар ҷўробҳои бадахшӣ дида мешавад, рамзи чалипост, ки гардунаи Меҳр низ гўянд. Ин нишони розомез дар рўи матоъ, тоқӣ ё ҷўробу, кандакориҳо тасвир меёбад. Он як навъ аломати рамзӣ буда, аз давраи қадим то имрўз истифода мешавад. Ба ин навъи нақш бештар ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуи зиёд доранд. Дар байни мо тоҷикон анъанае вуҷуд дошт, ки тасвири чалипои шикаста – свастика ё гардунаи Меҳрро
Адабгуфторӣ яке азфазилатҳои фарҳанги сухан аст. Риояи меъёрҳои забони адабӣ дар гуфтор на фақат аз дараҷаи таҳсилоти шахс гувоҳӣ медиҳад, балки сухани вайро ҷаззоб, ширадор ва муассир мегардонад. Мутаассифона, дар муошират, дар суҳбатҳои расмию ғайрирасмӣ бисёр вақт нисбат ба меъёрҳои забони адабӣ нописандӣ зоҳир мешавад, ҳатто дар байни зиёиён ва роҳбарон шахсоне кам нестанд, ки огоҳона бо лаҳҷаи маҳалли худ суҳбат мекунанд.
Яке аз чеҳраҳои шинохта, донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ Халифаева Ҳукумат Насриддиновна соли 1932 дар ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў соли 1950 техникуми китобхонавии Тоҷикистонро бо баҳои аъло ба итмом расонида, сипас ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1956 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар
Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.