Муаррифӣ: Китобдори Шоиста Халифаева Ҳукумат Насриддиновна

Яке аз  чеҳраҳои шинохта, донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ Халифаева Ҳукумат Насриддиновна соли 1932 дар ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў соли 1950 техникуми  китобхонавии Тоҷикистонро бо баҳои аъло ба итмом расонида, сипас ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1956 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ оғоз намудааст, Дар ҳамин даргоҳ то ба нафақа баромаданаш фаъолият намуда, ў аз  соли 1988 дар вазифаҳои китобдори калон, сарбиблиограф кор кардааст.

Ҳукумат Халифаева бо ҳамкоронаш – китобдорони варзида Саодат Икромова, Ойчӣ Юсуфова, Галина Сушко ва бисёр дигарон дар кори таблиғи захираи китоб, хизматрасонии хонандагон, ёрӣ расондан ба китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, қишлоқӣ саҳм гузоштааст.

  Дар давраи фаъолияти кориаш ў дониши назариявии худро сайқал дода барои омода намудани феҳристу картатекаҳо саҳм гузоштааст.  Қобилияти кордонӣ ва меҳнатдўстии  ўро маъмурияти китобхона ба инобат гирифта, вайро ба вазифаи сарбиблиограф пешниҳод намуданд.

Ҳукумат Халифаева, инчунин яке аз иштирокчиёни фаъоли Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1957) мебошад. Барои хизматҳои шоёнаш дар ин даҳа ва иштирокаш дар ташаккули фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо ду Грамотаи президиуми Шўрои олии Тоҷикистон, медали Н. К. Крупская, «Аълочии Вазорати маданияти СССР» сарфароз гардидааст.  

Нафиза Шаҳбозова,

мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ