Фарҳанги китобдорӣ

Сатҳи фарҳангии ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон, ба вазъи фаъолияти китобхонаҳо ва дигар марказҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳуриявӣ алоқамандии калон дорад. Дар ин самт вазифаи  муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ хамчун маркази илмӣ ва методӣ барои барномасозӣ ва дастурдиҳии ҳама китобхонаҳои кишвар   хеле бузург ва назаррас мебошад.

Ташаккули дурусти  фарҳанги китобдорӣ  ва омўзиши асосҳои донишҳои китобдориро мо бояд аз давраи толибилмӣ дар   муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз намоем. Барои шинос намудани хонандагон ба тарзи дурусти интихоби адабиёт аз махзанхои китобхона, сари вақт дарёфти китоби лозима ва омўхтану  шиносоӣ аз  манбаъҳои  феҳристу картотека, дастурҳои тавсиявию роҳнамоҳо ва дигар васоити тарғиботӣ шароит муҳайё намуда, ба шаклгирии рушди зеҳнии хонандагон мусоидат намоем. Доир намудани чунин машғулиятҳои амалӣ ва омўзишӣ ба хонанда имкон  медиҳад, ки  ба қоидаҳои дуруст муносибат кардан ба китобу китобхона, муайян кардани дархости  мақсаднокии хониш ва риояи дурусти  гигиенаи хониш ошно гарданд .

Муфассал: ФАРҲАНГИ КИТОБДОРӢ