Аз 07 то 13 августи соли 2017

7-уми августи соли 2017

  • 125-солагии зодрўзи Александр Соловёв (1892-1958), астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 60-солагии зодрўзи Тошбой Муҳаббатов (1956), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 65- солагии зодрўзи  Фаррух Ҳусейнов (1952), журналист.
  • 70- солагии зодрўзи  Гурез Зарифов (1947-2014), генерал-лейтенант.
  • 70- солагии зодрўзи Раҷабгул Қосимова (1947), актрисаи театр,
  • зодрўзи Дилдор Ғуломнабиев (1965), олими соҳаи педагогика.
  • зодрўзи Қизларгул Худойқулова (1954), олимаи соҳаи педагогика.
  • зодрўзи Муҳиддин Фарҳат (1924-1984), шоир.
  • зодрўзи Надежда Бутовская (1890-1977), Китобдори шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Нодири Нодирпур (1929-2000), шоири эронӣ.
  • зодрўзи Сабоҳат Шарифова (1911-1967), журналист, яке аз поягузорони матбуоти тоҷик.
  • зодрўзи Сергей Морозов (1930), олими соҳаи  геология.
  • зодрўзи Фахриддин Турсунматов (1954), журналист.
  • зодрўзи Шавкат Абдусаломов (1936), рассом ва актёри  кино. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

8 -уми августи соли 2017       

  • 60- солагии зодрўзи  Камолиддин Нодиров (1957), рассом.
  • 70- солагии зодрўзи  Солеҳбой Кенҷаев (1947), забоншинос.
  • 75 - солагии зодрўзи  Абдумаҷид Воҳидов (1942), доктори илми тиб, профессор.
  • 80-солагии зодрўзи Раҳимҷон Ғафуров (1937-2014), арбоби давлатӣ.
  • зодрўзи Акмал Ҳасанов (1955), актёри театр.
  • зодрўзи Акрам Ризоев (1946), олими соҳаи техника,  профессор.
  • зодрўзи Алексей Шелочинин (1924-1993), генерал-лейтенати адлия.
  • зодрўзи Василий Покотило (1851 – вафот номаълум), шарқшиноси рус, муҳаққиқи ҳаёти сиёсию иҷтимоии Бухорои Шарқӣ.
  • зодрўзи Григорий Масич (1928), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Гулаҳмад Аҳмадов (1940), олими соҳаи химия.
  • зодрўзи Мамет Абесаломов (1911-1993), рассом.
  • зодрўзи Муҳаммад Байрамхон (1504-1561), шоир ва файласуфи форсизабони Ҳиндустон.
  • зодрўзи Насим Раҷаб (1935), нависанда.
  • зодрўзи Ҳамид Обидӣ (1911-1948), нависанда.
  • зодрўзи Ҳамид Раҳмонов (1950), олими соҳаи физика.
  • зодрўзи Одилҷон Умурзоқов (1954), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
  • зодрўзи Ориф Шокиров (1933-2005), олими соҳаи физика.
  • зодрўзи Пётр Ким  (1931), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • зодрўзи Раҷаб Исмоилов (1910-1971), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

9 –уми августи соли 2017

  • 105- солагии зодрўзи  Павел Куршев (1912-1959), муаррих.
  • 65-солагии зодрўзи Асадулло Шарифов (1952), олими сохаи математика.
  • 70- солагии зодрўзи Бозоралӣ Азизов (1946), доктори илми техникӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.
  • 85- солагии зодрўзи  Додоҷон Исмоилов (1932), олими соҳаи тиб.
  • зодрўзи Андрей Маджи (1898-1962), шарқшиноси рус, муҳаққиқи фарҳанги форсу тоҷик.
  • зодрўзи Бурҳониддин Кўшканӣ (1898-1954), на­ви­санда ва таърихнигори тоҷикзабони афғон.
  • зодрўзи Валентин Зуев (1931), арбоби давлатӣ, геолог.
  • зодрўзи Валерий Аҳадов (1945), коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • зодрўзи Иброҳим Расулов (1920-2005), устоди мусиқӣ, Корманди   шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • зодрўзи Муборак Турсунова (1964), олимаи соҳаи  педагогика.
  • зодрўзи Музаффар Қодиров (1928-1993), нави­санда.
  • зодрўзи Муҳаммад Қобилов (1920-2003), устоди рақс,   Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Неъмат Мадалиев (1924-1982) , олими соҳаи иқтисод.
  • зодрўзи Неъмат Очилов (1938-2001), журналист.
  • зодрўзи Саъдулло Исломов (1943), доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
  • зодрўзи Юнус Юсуфов (1949), киноактёр ва кинорежиссёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • кушодашавии (1938) стансияи биологии Помир, аз соли 1969 Институти биологии Помири АИ Тоҷикистон.

10 – уми августи соли 2017

  • 60- солагии зодрўзи  Зубайдулло Зубайдов (1957), олими соҳаи сиёсатшиносӣ.
  • 65- солагии зодрўзи Маъмур Маъмуров (1952), олими соҳаи техника.
  • 65-солагии зодрўзи Бўстон Шакурӣ (1952-1999), журналист.
  • 65-солагии зодрўзи Мирзо Шералӣ (1952), шоир.
  • 65-солагии зодрўзи Мирзоҷон Юсуфов (1952), журналист, муҳаққиқ.
  • 65-солагии зодрўзи Саидаҳмад Ҳасанов (1952), нависанда.
  • 75-солагии зодрўзи Саидмурод Раҳимов (1942), журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 80- солагии зодрўзи Комил Мусофиров (1937-2014), арабшинос.
  • 80-солагии зодрўзи Носир Ҳасанов (1937), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 90- солагии зодрўзи  Бобохон Мақсудов (1927-1991), олими соҳаи геология.
  • зодрўзи  Насим Раҳмонов( 1934), олими соҳаи тиб
  • зодрўзи Абай (1845-1904), адиби қазоқ, муштоқи адабиёти классикии форс-тоҷик.
  • зодрўзи Абдуқодир Маниёзов (1930-2008), адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
  • зодрўзи Абдулло Навҷавонов (1965), генерал-майор.
  • зодрўзи Абдумаҷид Раззоқов (1950), олими соҳаи техника.
  • зодрўзи Абдураззоқ Холматов (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • зодрўзи Абдураҳмон Азимов (1949), олими  соҳаи биология.
  • зодрўзи Амиршо Маҳрамов (1954), олими  соҳаи биология.
  • зодрўзи Бобо Мирзоев (1954), олими соҳаи иқтисод.
  • зодрўзи Бурҳон Фаррух (1929-1993), шоир.
  • зодрўзи Валерий Лутков (1938), доктори илми геология.
  • зодрўзи Вениамин Ланге (1910-1991), коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • зодрўзи Қобил Шарифов (1938), олими соҳаи физика.
  • зодрўзи Константин Аваков (1935), рассоми кино.
  • зодрўзи Қурбоналӣ Салимов (1956), олими соҳаи математика.
  • зодрўзи Маҳмад Раҳимов (1954), доктори илми ҳуқуқ, профессор.
  • зодрўзи Мирзомуддин Раҳмонов (1948), актёр ва коргардони театр.
  • зодрўзи Муҳаммад Ҷўраев (1948), доктори илми тиб, профессор.
  • зодрўзи Насрулло Убайдуллоев (1963), муаррих.
  • зодрўзи Наталя Гаврилова (1919-2001), олимаи соҳаи биология.
  • зодрўзи Ҳаким Ҳоҷибоев (1949), олими соҳаи биология.
  • зодрўзи Одинашо Муродов (1964),  муаррих,  журналист.
  • зодрўзи Олег Мутоленко (1950), коргардон ва наворбардори кино.
  • зодрўзи Раҳмат Ботуралиев (1943), рассом, Хо­­­­­­­­ди­­­ми шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
  • зодрўзи Саидҷон Уроқӣ (1951), шоир.
  • зодрўзи Саидшо Шамолов (1965), генерал-майор.
  • зодрўзи Сайдулло Хайруллоев (1945), арбоби давлатӣ.
  • зодрўзи Саттор Ғаффоров (1956), олими соҳаи  математика.
  • зодрўзи Субҳиддин Баҳриддинов (1963), олими соҳаи ҳуқуқ.
  • зодрўзи Чорёри Иброҳим (1940), журналист.
  • зодрўзи Шодихон Муборакшоев (1935), журналист.
  • зодрўзи Эргашбой Муҳаммадиев (1941), доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
  • кушодашавии(1929) Спартакиадаи I-уми варзиш-гарони Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз 300 варзишгарон  аз рўи даҳ намуди варзиш мусобиқа карданд.
  • Рўзи байналмилалии мардуми муқимӣ.

11- уми августи соли 2017

  • 80-солагии зодрўзи Давлат Наботов (1937-2014), олими соҳаи математика.
  • 80- солагии таъсиси (1937), Палатаи китоби Тоҷикистон, ҳоло Хонаи  китоби Тоҷикистон.
  • 95- солагии зодрўзи  Аскарали Мирзоев (1922-1987), пахтакор,  Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • зодрўзи Абдуғаффори Абдуҷаббор (1956), нависанда, мутарҷим.
  • зодрўзи Александр Круглов (1908-1988), актёр ва      коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Алимаҳмад Ниёзмаҳмадов (1943), арбоби ҳизбию давлатӣ.
  • зодрўзи Анатолий Манделштам (1920-2001), доктори илми таърих.
  • зодрўзи Андрей Пачес (1925-1997), доктори илми тиб, профессор.
  • зодрўзи Валериан Чербар (1939), доктори илми  кишоварзӣ, профессор.
  • зодрўзи Гулмуҳаммад Аннақулов (1901-1978), арбоби хоҷагӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • зодрўзи Қиматой Ғаффорова (1965), забоншинос (немисӣ).
  • зодрўзи Маҳмудҷон Остонов (1934-1975), шоири узбекзабони Тоҷикистон.
  • зодрўзи Маҳмудҷон Турсунов(1940-1991), олими соҳаи математика.
  • зодрўзи Муборак Мансурова (1920-2008), доктори илми биологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • зодрўзи Мунаввара Мирхолова (1964), наттоқи ТВ.
  • зодрўзи Назокати Олим (1948-1998), мутарҷим, журналист.
  • зодрўзи Ҳабибулло Умаров (1945), иқтисоддон,  профессор.
  • зодрўзи Султон Умаров (1908-1964), доктори илмҳои физикаю математика, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
  • зодрўзи Уриэл Қаландаров (1929-1993), кинооператор.
  • зодрўзи Фаррухии Яздӣ (1888-1939), шоири эронӣ.
  • зодрўзи Шукур Азимов (1919-1992), олими соҳаи  ҳуқуқ.

     12- уми августи соли 2017

  • 65- солагии зодрўзи Шарафҷон Рўзиев (1952-2009), доктори илми педагогика, профессор.
  • 70 - солагии зодрўзи Рафторҷон Иззатуллоев (1947), олими соҳаи педагогика.
  • 70- солагии зодрўзи Муҳаммадлатиф Каримзода (1947), нависанда.
  • 70- солагии зодрўзи Собир Норматов (1947), журналист.
  • 75- солагии  зодрўзи Назирҷон Турсунов (1942), доктори илми таърих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 90 - солагии зодрўзи  Лариса Демедчик (1927), доктори илми филологӣ.
  • 90- солагии таъсиси (1927), Чамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
  • ба истифода додани (1966) ГЭС-и (НОБ)  Сарбанд дар дарёи Вахш.
  • зодрўзи Акбаралӣ Бобоҷонов (1949), рассом.
  • зодрўзи Амон Бобомуродов (1935), мутриб.
  • зодрўзи Борис Щербаков (1913-1987), доктори илми биология, профессор.
  • зодрўзи Владимир Абдулҳаев (1948), доктори        илми химия, профессор.
  • зодрўзи Глеб Дейниченко (1938), журналист.
  • зодрўзи Ирина Попова (1951), адабиётшинос.
  • зодрўзи Искандар Икромов (1943), доктори илми филологӣ, профессор.
  • зодрўзи Кимсан Маҳкамов (1915-1965), мутриб-дойрадаст, Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Ҷумъа Ҳомидов (1949), муаррих.
  • зодрўзи Муқаддам Ниёзмуҳаммадова (1944),  доктори илми биологӣ.
  • зодрўзи Назаралӣ Хоналиев (1940), доктори илми  иқтисод.
  • зодрўзи Нафиса Юнусова (1948) олимаи соҳаи пси­хология.
  • зодрўзи Нозирҷон Боҳирӣ (1940), шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • зодрўзи Рудолф Камелин (1938), доктори илми би­ология, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
  • зодрўзи Уку Мазинг (1909-1985), шарқшиноси эстон, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.
  • зодрўзи Фирўза Каримова (1966), олимаи соҳаи тиб.
  • зодрўзи Шаҳбозбек Кабиров (1944),   забоншинос, профессор.
  • зодрўзи Шаҳбозбек Кабиров (1945), забоншинос,   профессор.
  • зодрўзи Шукрулло Баҳодуров (1948), олими соҳаи техника (мелиоратсия).
  • зодрўзи Шукрулло Комилов (1943), арбоби фар­ҳангӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • зодрўзи Юнусалӣ Сиддиқов (1951), журналист.
  • оғози нашри (1924) ҳафтаномаи «Овози    Шарқ», ки дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ то моҳи октя­бри ҳамон сол чоп шудааст.
  • Рўзи конвенсияи Женева: асосҳои ҳуқуқи инсон.
  • Рўзи кормандони сохтмон.
  • Рўзи ҷаҳонии ҷавонон.
  1. уми августи соли 2017
  • 105- солагии зодрўзи  Ион Волинский (1912-1980), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 65- солагии зодрўзи Нурулло Ҳасанов (1952), журналист.
  • 70-солагии зодрўзи Мунаввара Ҳакимова (1947), олимаи соҳаи равоншиносӣ.
  • 80- солагии таъсиси (1937) Хонаи эҷодиёти халқи Тоҷикистон, ҳоло Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ.
  • 85-солагии зодрўзи  Ҷўрабой Охунов (1932), оҳангсоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.
  • зодрўзи Абдуғаффори Партав (1943), нависанда.
  • зодрўзи Абулҳасан Фаррухӣ (980-1037), шоири форс- тоҷик.
  • зодрўзи Бобоқул Файзуллоев (1899-1964), Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба Рўдакӣ.
  • зодрўзи Гамлет Еганян (1925), муаррих-шарқшиноси арман, муҳаққиқи таърихи мардуми эронӣ.
  • зодрўзи Мирзоалӣ Партавов (1944), журналист.
  • зодрўзи Озарахш (Толиби Карим) (1963), шоир драматург.
  • зодрўзи Саттор Бобоев (1940), олими соҳаи биология.
  • зодрўзи Тухлибой Қўзибоев (1931-1980), доктори илми  геологӣ.
  • зодрўзи Холбегими Давлат (1966), шоира.
  • Зодрўзи Вилдон Хабиев (1924-1945), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
  • Рўзи кормандони варзиш.
  • Рўзи ҷаҳонии чапдастон.

Масъули ин бахш
Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии
Китобхонаи миллист.