Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳбуддин бинни Муҳаммад Ҳамадонӣ 12-уми моҳи раҷаби соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
Дар таълим ва тарбияи Алии Ҳамадонӣ саҳми тағояш Сайид Алоуддинро бағоят калон аст. Сайид Алоуддин худ аз ашхоси бонуфўз ва маърифатноки давр буд ва дар тарбияи маънавии Алии Ҳамадонӣ саҳми
Баъд аз намозро адо намудан, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар болои он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари дар болои пул по гузоштаи Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва Мавлон дар ҳарос мешаванд, ки дар болои пул чи гуна мегузашта бошанд, дар ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро фўрузон намуда, барои аз болои пул
Абўрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.
Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абўнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомўзад.