Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ. Гуфтумон дар бораи як мулоқоти таърихии ду бузургвор

Баъд аз намозро адо намудан, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ  дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар болои он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари  дар болои пул по гузоштаи Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва Мавлон дар ҳарос мешаванд, ки дар болои пул чи гуна мегузашта бошанд, дар ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро  фўрузон намуда, барои аз болои пул гузаштанашон кӯмак мекунад. Мавлоно Ҷомӣ  чашмашонро боз мекунанд, ки он мард, дар паҳлуяшон дар сафи намоз машғули ибодат аст.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2014 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори ЮНЕСКО дар қаламрави кишвар 600 - солагии   Абдураҳмони Ҷомӣ бо тантана ҷашн гирифта шуд. Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Точикистон соли равон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 603 солагии ин мутафаккири бузургу оламшумур конфронси илмию дабиро дар мавзуъӣ  «Ғазалиёти Ҷомӣ ва нақши он дар тарбияи ҷавон» баргузор намояд.

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди тобеъи шаҳри Ҷом, вилояти Ҳурусон ба дунё омадааст. Аз сабабе зодгоҳаш  Ҷомӣ будан  ин лақабро лақаби шоирии худ интихоб кардаст.

Падари маҳбубаш, ки Низомиддин Аҳмад ном дошт, яке аз фақеҳони  машҳури замони хеш буда, дар сини 9 солагии Мавлоно Ҷомӣ ба Ҳирот мекучад.

Дар он ҷо ў аввал аз падар ва баъдан  дар мадрасаи  Низомия дар назди устодони бузурги замонааш Мавлоно Ҷунайди Усулӣ ва  Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ  забони арабӣ, мантиқ, баён, ва дигар илмҳои замонаи хешро меомўзад.

Барои идомаи таҳсил дар синни 22 солагиаш  ба Самарқанд омада, дар мадрасаи Мирзо Улуғбек аз Қозизодаи Румӣ ва Мирзо Улуғбек илми нуҷум ва  фиқҳро аз бар менамояд. 

Ў дар тўли умри худ се маротиба аз Ҳирот ба Самарқанд, Марв ва Тошкент сафар карда, дар бозгашт ба воситаи Нишопур, Ҳамадон, Бағдод, Маккаву Мадина ба зодгоҳаш баргаштааст.

Аз Мавлоно Ҷомӣ дақиқан 50 асари илмию адабӣ боқӣ мондааст. Асари  «Фавоид-ул –Зиёия» тайи 500 сол аст, ки бо номи «Шарҳи Мулло» шуҳрат дорад, дар мадрасаҳои Бухоро аз рўи ў  навҳи забони арабиро меомўзанд.

Банда тасмим гирифтам, ки барои Шумо хонандагони азиз бахшида ба ин санаи мубораку таърихи  мулоқоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро бо яке аз орифони оламшумўл ва чеҳраи таърихии олам Хоҷа Аҳрори Валӣ манзур намоям, ки маншаи таърихӣ дошта, инсон ва аз ҷумла ҷавононро ба хоксорю  фурутани дават менамояд.

Дар замони зиндагонии Абдураҳмони Ҷомӣ шуҳрати Хоҷа Аҳрори Валӣ  ҳамчун орифи шинохта, мутафакири бузург ва шахсияти  сармоядору бахшанда сарорсари кишварҳои форсниширо фаро мегирад.

Аз ҷумла, шуҳрату овозаи  ин шахсият дар шаҳри Ҳирот ба маротибае боло меравад, ки Мавлоно Абудураҳмони Ҷомӣ  барои дидорбинии Хоҷа Аҳрори Валӣ ба шаҳри  Самарқанд азми сафар мекунанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ замоне ба шаҳри Самарқанд мерасанд,  ки мардум дар адои намози одина буданд.

Мавлоно Ҷомӣ зуд бо пои таҳорат ба масҷиди ҷомеъаи шаҳри Самарқанд ворид шуда, мехоҳанд намози ҷуъмаро адо намоянд. Ҳангоми дар сафи намоз истодан дар паҳлўи як нафар шахси чеҳрагарму кушодарўй ва хоксору фурутан ба адои намоз машғул мешаванд.

Баъд аз намозро адо намудан, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ  дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар болои он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари  дар болои пул по гузоштаи Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва Мавлон дар ҳарос мешаванд, ки дар болои пул чи гуна мегузашта бошанд, дар ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро  фўрузон намуда, барои аз болои пул гузаштанашон кӯмак мекунад. Мавлоно Ҷомӣ  чашмашонро боз мекунанд, ки он мард, дар паҳлуяшон дар сафи намоз машғули ибодат аст.

Мавлоно Ҷомӣ дар ҳайрат монда, ба олами андеша мераванд, чаро ҳангоми истихора Худованд  ин манзараро ба ман нишон дод.

Дар ҳамин асно ин манзара дар назари Хоҷа Аҳрори Валӣ ба тарзи дигар вонамуд мегардад.

Баробари дар боли пул по гузоштани Ҳоҷа аз ду ҷониби пул ду шери азимҷусса бо қаҳру ғазаб пайдо шуда,  ба он кас ҳамла мекунанд. Марде дарҳол ба онҳо нон дода, онҳоро ором мекунад  ва Хоҷа аз болои пул мегузаранд.

Хоҷа Аҳрори Валӣ ба паҳлуяшон назар мекунанд, ки ин мард дар паҳлуяшон машғули ибодат аст.

Баъдаз аъдои намоз Хоҷа Аҳрори Валӣ аз  Мавлоно Ҷомӣ мепурсанд Шумо ки ҳастед, аз болои пули тангу борик барои гузаштанам кӯмак намудед.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз Хоҷа Аҳрори Валӣ мепурсанд, Шумо, ки ҳастед, шаби тор ҳангоми гузаштанам аз болои ин пули тангу борик бо чароғатон рафшани намудед. Он мард дар ҷавоб мегўянд, ман Хоҷа Аҳрори Валиам,  Шумо, ки ҳастед. Мавлоно мегўянд, ман Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомиам барои дидорбинии Шумо аз шаҳри Ҳирот омадам.

Дарҳол ҳарду алломаҳои давру замон бо ҳам мулоқот намуда, аз хурсандии дидори якдигар ашки шодӣ мерезанд.

Ин мулоқоте буд, ки  бо нигоҳи дил анҷом дода шуд. Ин гуна  мулоқотҳо танҳо хоси пайғамбарон, авлиёву анбиё, ва  нобиғагон аст, ки дар дидорбинии Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ  сурат гирифтааст. Ин нуктаро Мавлоно Ҷомӣ олимона ва шоирона ба риштаи назм кашида таъкид мекунанд.

Ин дида бипӯш то дилат дида шавад,
Аз чашми дилат боми дигар дида шавад.

Ин байти пандомез маънои онро дорад, агар инсон чашми сарашро аз дидани нопокиҳои олам боз дошта, аз меҳнати ҳалолаш қути ҷон намояд, дар ниҳодаш чашми дил боз мешавад, ки бо он чашм ҳамаи асрори авалин ва охирини оламро мебинад. Ҳамзамон баргузида ва нобиғаи олам мегарданд. Номи хешро бо афкори созанда ва панду андарзҳои ҳакимонаашон дар саҳифаҳои таърих  бо оби тилло нақш мегузоранд. Ҳамчун  Мавлоно Ҷомӣ ҳазорон насли башарро  ба роҳи саъодати инсонӣ раҳнамоӣ менамоянд.  

Ҳадафи ниҳоии ман аз овардани ин ҳикоя аз он аст, ки ҷавонони мо бояд  ҳаёту фаъолияти бузургони худро омўзанд ва зиндагиашонро ба монанди зиндагии бузургонашон ба роҳ монданд. Пайваста мутоила намуда,  дар талаби илму дониш бошанд. Танҳо бо илму дониш метавонанд ба давлату миллат хизмат намуда, дар ободию созандагии кишвари азизашон Тоҷикистон ҳисса гузоранд.

Ҳамзамон онҳоро пасояндагонашон ба мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ  ба некӣ ёд кунанд.

Ҷалолиддин Нуров,
Муовини мудири
шуъбаи матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: